Нахустнамоиши филми “Фурӯғ”, ки бозгӯи зиндагии духтараки имконияташ маҳдуд (кар ва гунг) мебошад, шоми имрӯз, соати 18-00-и 26-уми август, дар кинотеатри “Ватан” баргузор мегардад.

Филм аз ҷониби коргардони ҷавон Одинаи Маҳмад таҳия шуда, муаллифи филмнома Абдулҳай Зокиров аст.

“Фурӯғ” бозгӯи зиндагии духтараке мебошад, ки марги ногаҳонии модар ба ҳолатии рӯҳии ӯ таъсир расонидааст.

Одинаи Маҳмад, коргардони филм, мегӯяд, даст задан ба чунин мавзуъ барояш хеле мушкил буд, зеро вориди ҷаҳоне бояд шавӣ, ки он кашфношуда аст.

– Мо кӯшиш кардем, тавассути дунёи ботинии қаҳрамони асосии филм, ки навраси имконияташ маҳдуд (кар ва гунг) мебошад, паёми худро ба бинанда расонем. То кадом андоза дар самт муваффақ шудаем, тамошобин баҳогузорӣ мекунад, – мегӯяд коргарон.

Филми кӯтоҳи бадеии “Фурӯғ” дар муддати 8 моҳ наворбардорӣ  ва танзим шудааст. Нақши асосиро Зулайхои 7-сола иҷро мекунад.

Ба гуфтаи Одина Маҳмад, «онҳо дар аввал мехостанд, ба нақши асосӣ худи наврасе, ки имконияти маҳуди гап задан ва шунидан дорад, дар филм интихоб кунанд, аммо бо онҳо кор кардан дар майдони филмофарӣ риск буд».

Солҳои охир аз ҷониби коргардонҳои тоҷик филмҳои кӯтоҳ бештар ба навор гирифта мешаванд, зеро хароҷоти кам доранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь