Дар ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар” дар шаш моҳаи аввали соли 2023,  дар 190 хатсайр хизматрасонӣ шуд, ки нисбат ба шашмоҳаи соли 2022-юм  22 хатсайр кам иҷро шудааст, гуфт директори  фурудгоҳи мазкур Абдурашидзода Фарҳод.

Ба итилои номбурда, дар ин давра 34054 мусофир гусел ва 32168 кас қабул карда шуданд ва ба миқдори 970,7 тонна бору бағочҳо қабулу гусел карда шуд, дар  соли 2022 мусофирон 36665 нафар гусел ва 18904 нафар қабул ва  614,3 тонна бору боғоҷ қабулу гусел шуда буданд.

Аз ҳисоби хизматрасониҳои фурудгоҳӣ ва заминӣ дар шаш моҳи соли 2023 маблағи 10689 100 сомонӣ даромад ба даст оварда шуда, ба маблағи 6250800 сомонӣ хароҷот карда шуд. Натиҷаи молиявии фурудгоҳи Бохтар ба маблағи 4438 300 сомонӣ ҷамъбаст гардида, ба буҷаи давлат 2 120 000 сомонӣ маблағ пардохт карда шуд.

“Айни замон роҳбариати фурудгоҳ бо дастгирии Ҳокимияти иҷроияи вилояти Хатлон Лоиҳаи сохтмони Терминали муссофиронро дар таҳияи нав омода намуда, барои дарёфти сармоягузории ватанӣ ва ё хориҷӣ корбарӣ намуда истодааст. Дар нақшаҳои минбаъдаи роҳбарияти фурудгоҳ сохтмони терминали нави хизматрасонии мусофирон, сохтани боғи фарҳангиву истироҳатӣ дар ҳудуди корхона ва харидани таҷҳизотҳои замонави барои хизматрасонӣ ва таъмини бехатари парвозҳо омадааст”, – илова кард мавсуф.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь