Пеле, он шоҳи футбол, ки се маротиба дар Ҷоми ҷаҳонии футбол пирӯз шудааст, 29-уми декабр дар синни 82-солагӣ аз олам даргузашт.

Ҳамлагари собиқи тими миллии Бразил муддати тӯлонӣ бо саратон, ки дар тирамоҳи соли 2021 ошкор шуда буд, мубориза мебурд. Бозингари собиқи дастаи «Сантос» аз муолиҷаи кимиётерапевтӣ гузашт, вале баъдан баданаш ба табобат посух надод. Моҳи ноябри соли 2022 Пеле ба беморхона бистарӣ шуд.

Хабари ғамангез ба мавзӯи асосии баҳси мухлисон, раҳбарони футбол ва бозигарон табдил ёфтааст. Ҳама бозиҳои дарпешистодаи чемпионати Фаронса бо як дақиқа сукут ба ёди Пеле оғоз мешаванд ва бошгоҳи «Сантос» 7 рӯз мотам эълон кардааст. Президенти Бразил дар ин кишвар мотами серӯза эълон кард. Дар Сантос ин азо 7 рӯидома хоҳад кард. Ҳама аз даргузашти «шоҳи футбол» ҳамдардӣ мекунанд.

Келли Насименто, духтари Пеле:

Ҳар чизе ки дорем, ба шарофати туст. Мо туро беҳад дӯст медорем. Дар оромӣ бихоб (аз шабакаи иҷтимоӣ).

Неймар, ҳамлагари ПСЖ ва Бразил:

То Пеле 10 танҳо як рақам буд. Ман ин ибораро дар ҷое, дар як лаҳзаи ҳаётам хонда будам. Аммо ин изҳороти зебо нопурра аст. Ман мегӯям, ки пеш аз Пеле футбол танҳо як варзиш буд. Пеле ҳама чизро тағйир дод. Ӯ онро ба санъат, ба фароғат табдил дод. Вай ба камбағалон, сиёҳпӯстон ҳақ дод ва аз ҳама бештар Бразилро машҳур кард. Футбол ва Бразил ба шарофати Шоҳ мақоми худро баланд карданд! Ӯ дигар нест, аммо сеҳраш боқӣ мемонад. Пеле абадӣ аст! (шабакаи иҷтимоӣ).

Лионел Мессӣ, ҳамлагари ПСЖ ва тими миллии Аргентина:

Зинда бош, Пеле. (шабакаи иҷтимоӣ).

Криштиану Роналду, ҳамлагар аз Португалия

Ба тамоми Бразил ва бахусус ба оилаи сенор Пеле ҳамдардии амиқ мерасонам. Барои изҳори ҳамдардӣ, калимаи оддии “видоъ” бо Шоҳи абадӣ ҳеҷ гоҳ кофӣ нахоҳад буд… Ӯ фаромуш намешавад ва хотираи ӯ дар ёди ҳар яки мо, дустдорони футбол абадӣ хоҳад монд. Зинда бош, Пеле. (шабакаи иҷтимоӣ).

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь