Гурӯҳи эҷодии Маркази тадқиқотии журналистии Тоҷикистон дар бораи шаҳри Табошар филми ҳуҷҷатӣ ба навор гирифт. Филми мазкур “Шарора дар хокистар” ном дошта он аз таърих ва имрӯзи шаҳри Табошар (ҳозира Истиқлол) қисса мекунад.

Филм ба он хотир чунин ном гирифтааст, ки шаҳр замоне дар рушду нумӯъ буд, имрӯз ба як шаҳри “мурда” табдил ёфтааст, вале ба ин ҳама нигоҳ накарда, баҳри рушди шаҳри мазкур ҳанӯз як шарорае ҳаст.

Тими кории МТЖТ ду маротиба ба ин шаҳрак сафар намуда, бо сокинон ва шахсони аз таърихи шаҳр огаҳ сӯҳбатҳо анҷом дод.

Филми мазкур аз 20 дақиқа иборат буда, дар он таърихи пайдоиш, маънои номи “Табошар” ва дигар мавзӯъҳо инъикос шудааст. Барои омода сохтани “Шарора дар хокистар” чор моҳ вақт сарфа шуд. Ин аввалин таҷрибаи омода сохтани филми ҳуҷҷатӣ барои бархе аз аъзои гурӯҳ буд.

– Сафар ба “Табошар” ва давоми рӯз он ҷо мондан бисёр мушкил буд. Чун дар он ҷо радиатсия мавҷуд аст ва сари одам ба дард меояд. Бар замми ин ҳавои тафсони тобистон. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, барои ман лаҳзаҳои бисёр ҷолиб ва хотирмоне буд, – мегӯяд Бахтиёр Раҳматуллоев, ки наворбардори филми мазкур буд.

Ба қавли Бахтиёр идеяи сабти филм аз роҳбари МТЖТ Хуршеди Атовулло мебошад. Чун ӯ мехост бо ҳамин васила он чизеро, ки қаблан дар бораи шаҳри мазкур нагуфта буданд, нишон диҳад. Инчунин, ба нақли ҳамсӯҳбати мо яке аз дигар мушкилиҳо дар рафти сабт ин ёфтани нафаре буд, ки дар бораи таърихи шаҳр маълумоти амиқ дошта бошад. Пас аз ҷустуҷӯй ва кофтукобҳо ба онҳо муяссар шуд то нафари лозимаро пайдо созанд. Дар ин баробар, Бахтиёр мегӯяд, сӯҳбат бо сокини маҳаллӣ, ки дар кон кор кардааст бисёр ҷолиб буд:

– Сӯҳбат бо собиқ коргар, ки дар шахтаи завод кор кардааст бисёр писанд омад. Албатта, бисёр хуб аст вақте бо таърихи зинда ҳамсӯҳбат мешавӣ. Ин нафар ба мо бисёр чизҳоро нақл кард, ки шуниданаш ҷолиб буд.

Сокинони маҳаллӣ ва ҳукумати маҳаллӣ дар дастрасӣ ба иттилоот ва ҳангоми наворбардорӣ пайваста ба гурӯҳи эҷодӣ дар ёрӣ буданд.  Маркази тадқиқотии журналистии Тоҷикистон миннатдории худро ба ҳукумати шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар) барои дастгирӣ ва ҳамкории судманд мерасонад.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь