Шоми 26-уми январ дар кинотолори “Кохи Наврӯз” нахустнамоиши филми ҳунарии “Дар талоши ҳақиқат” баргузор шуд.
Филми мазкур пешниҳод аз Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” буда, аз рӯйи детективи “Интиқоми арвоҳ”-и Хуршед Атовулло ба навор гирифта шудааст. Пеш аз намоиши филм директори “Тоҷикфилм” Шоҳиён Маҳмадсаид суханронӣ карда, ба сарпарастони филм ва онҳое, ки саҳм гузоштаанд, сипоснома тақдим кард.
Ҳамчунин коргардони филми мазкур Манзари Шералӣ сухан карда, арзи сипоси худро аз роҳбарияти “Тоҷикфилм” ва муаллифи асару муаллифи сенария Некрӯзи Ҷалилиён баён карда гуфт, аз тамоми ҳунармандон ва касоне, ки як қадам барои сохта шудани филм гузоштаанд, минатдор аст.
Филми мазкур дар жанри детектив ба навор гирифта шуда, аз ҷониби тамошобинон хуб пазируфта шуд. Нақшҳои калидиро Қурбони Собир, Аъзам Розиқ, Қандил Тоиров, Замира Мирзоева, Ҷовидон Маҳмадов, Ризо Юсупов бозидаанд.
Баъд аз итмоми намоиши филм директори МТЖТ Хуршед Атовулло ба иҷрокунандаи нақши асосии филм Аъзам Розиқ шаҳодатномаи Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистонро тақдим кард.
Ёдовар мешавем, ки чанд сол муқаддам ҳам дар филми детективии “Журналист” (аз рӯйи детективи дигари Хуршед Атовулло “Марги журналист”) Аъзами Розиқ нақши асосиро иҷро карда буд.
Бояд зикр кард, барои дӯстдорони синамо филми “Дар талоши ҳақиқат” аз 27-уми январ то 5-уми феврал дар кинотеатри “Ватан” намоиш дода мешавад.