Филми мустанади коргардони ҷавони тоҷик Алиҷон Ҷалилов бо номи “Алиф.До.Ре.Ми” дар 10-умин Кинофестивали байналмиллалии нахустфилмҳо ва филмҳои донишҷӯён “Бастау” (Международный фестиваль студенческих и дебютных фильмов «Бастау»), ки аз 29 ноябр то 3-юми декабри соли 2022 миёни 60 филм аз 40 кишвари дунё баргузор шуда буд,  сазовори Ҷоизаи таваҷҷӯҳи махсуси ҳакамон (Особое упоминание жюри) гашт.

Маротибаи аввал ин филми мустанади 18-дақиқаӣ дар шаҳри Алма Ато дар фестивали минтақавии “MediaCAMP” намоиш дода шуда буд.  Ҳамин мустанад дар моҳи октябри соли 2022 дар ҷашнвораи дигар – Lift-Off Global Network (Британияи Кабир) интихоб ва намоиш дода шуда буд. Филм дар доираи  лоиҳаи “Формати хурд” -и Интернюс (2022) дар Тоҷикистон таҳия гашта, аз ҳаёти як муаллими мусиқӣ нақл мекунад. Ин мустанад 25-уми ноябри соли 2022 дар Душанбе, дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров рӯнамоӣ шуд.

Филми мустанади “Алиф.До.Ре.Ми” дар жанри “мушоҳида” ва дар муддати се моҳ сабту таҳия шудааст. Дар сабту таҳия ва тадвини ин мустанад дар қатори коргардон-таҳиягар Алиҷон Ҷалилов, ҳамчунин наворбардор Наврӯз Саидов, садобардор  Эҳсон Субҳонзода, тадвингар  Комил Карим ва  коргардони садо Шаҳриниссо Яковлева саҳм гузоштаанд.

Қаҳрамони филм марди 74-солаест, ки ҳоло низ ба таълими мусиқӣ дар мактаб ва боғчаи бачаҳо машғул аст. Роҳи зиндагии ин парвардаи хонаи ятимон ноҳамвор ва зиндагии ӯ пур аз тазоду рӯйдоду ҳаводиси хушу нохуш буд. Дар синни 63-солагӣ бо ӯ ҳодисае рух медиҳад, ки зиндагии ояндаи ӯро тамоман дигар мекунад. Мусиқӣ ва навозиши асбобҳои мусиқӣ барои амалӣ шудани орзӯи ӯ кӯмак кардаанд. Дар филм нишон дода шудааст, ки новобаста ба андешаҳои аксарияти мардум дар ҷомеаи суннатӣ нисбат ба суруду мусиқӣ он метавонад барои расидан ба орзуҳо ва дарёфти роҳи наве дар зиндагии шахс кӯмак ва мусоидат кунад.

Бояд қайд кард, ки ин кори аввали мустақилонаи коргардонии Алиҷон Ҷалилов, хатмкардаи “Мактаби филмҳои мустанад” аст. Ин мактаб дар шаҳри Душанбе аз моҳи феврал то майи соли равон чандин ҷавонро, ки истеъдод ва ҳунари сохтани филмҳои мустанадро доштанд, ба таълим фаро гирифта буд. Устодони варзидаи синамои тоҷик, мисли Гергий Дзалаев, Шаҳриниссо Яковлева, Файзулло Файз ва Комил Карим (аз Тоҷикистон) тариқи офлайн, Марина Разбежкина ва Елена Демидова (Росия), Аниса Собирӣ (Британияи Кабир) ва  Катя Суворова (Қазоқистон) тариқи онлайн ба шогирдони ин мактаб дарс гуфтанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here