Ҳамеша чунин буд, ки аҳамият ва нақши рассом бо гузашти замон дарк мегардад, замоне, ки бенуқсонтарин ва одилтарин довар буда, мақоми воқеии эҷодкорро дар маъсири таърих муайян мекунад.

Санъаткорони асил ҳамеша навоваранд, зеро онҳо дар офаридаҳои худ мисли ақрабаки соат аз вақт ҳам пеш гузашта, имкониятҳои нави беандозаи эҷодиёти инсонро боз мекунанд.

Ҳунарманд-навовар “мошинаи вақт”-и худро моҳирона идора карда, бо қобилияти дурандешияш мехоҳад ба ояндаи дур назар афканад.

Хамаи гуфтахои болоро дар ҳақиқат метавон ба шахсият ва эчодиёти бастакори Озарбойҷонӣ, Ҳунарманди Халқии ИҶШС, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, лауреати Мукофоти давлатии ИҶШС Фикрет Амиров (соли 1922—1984) нисбат дод, ки соли ҷорӣ аз рӯзи таваллуди ӯ 100 сол пур мешавад.

Фикрет Амиров 22 ноябри соли 1922 дар шаҳри Ганҷа дар оилаи ханендеи моҳир (ҳофизони халқии Озарбойҷон – муқомчиён) бастакор, ҳунарманд ва дирижёр, устои мумтози созҳои мардумии озарбойҷонӣ Машадӣ Ҷамил Амиров, ки зодаи Шуша – консерваторияи Қафқоз буд, ба дунё омадааст. Пойтахти хонигарии Қарабоғ — Шуша кайҳо боз миёни тамоми Қафқози Чанубӣ ҳамчун чашмаи адонашавандаи истеъдоди мусиқии халкӣ машҳур буда, ба ҷаҳон бисёр навозандагони барҷастаро додааст.

Фикрети ҷавон низ яке аз онҳо буд. Ӯ дар мактаби мусиқии Ганҷа дар синфи тор, баъд дар мактаби мусиқии Боку бо ихтисоси бастакорӣ таҳсил кардааст. Соли 1939 ба консерваторияи Боку дохил шуда, дар онҷо аз Б.И. Зейдман дар риштаи оҳангофарӣ ва аз Узеир Ҳоҷибейлӣ асосҳои мусиқии халқии Озарбойҷонро омӯхтааст.

Бо оғози ҷанг Ф.Амиров ба фронт рафт, вале баъди захмӣ шуданаш аз сафи артиш озод карда шуд. Солҳои 1942-1945 директор ва роҳбари бадеии Филармония, инчунин директори мактаби мусиқии Ганҷа буд. Соли 1945 таҳсилашро давом дода, баъди се сол консерваторияро хатм намуда, операи «Улдуз»-ро ҳамчун кори дипломияш тақдим намуд. Солҳои 1946-1947 роҳбари бадеии Филармонияи Озарбойҷон ба номи М. Магомаев, ва солҳои 1956-1959 ба ҳайси директори Театри опера ва балети Озарбойҷон фаъолият намудааст.

Миёни офаридаҳои ӯ симфонияи «Ба ёди Низомӣ» (1947), ду «муқомҳои симфонӣ» «Шур» ва «Курд Овшарӣ» (1948), операи «Севил» (1953) ҳастанд. Фикрет Амиров асарҳои зиёде дар жанрхои гуногун таълиф намудааст, ки «Каприччиои Озарбойҷонӣ» (1961), «Достон дар бораи Насимӣ» (1977), «Гулистон-Баяти-Шероз (синтези классикӣ, муқом ва ашуғи ибтидоӣ), консерти скрипка ва фортепиано бо оркестр ва балети «1001 шаб» аз ин қатор мебошанд.

Дар эҷодиёти худ бастакор аз мусиқи ва ритмҳои халқии озарбойҷонӣ, усулҳои муқом, бадеҳанавозӣ фаолона истифода бурда, онҳоро бо таври табии бо гуногунрангӣ ва бисёровозӣ пайвастааст.

Фикрет Амиров барои фаъолияти тӯлонии эҷодӣ бо як қатор мукофотҳо, аз ҷумла бо Ҷоизаи Сталин (1949), Ҷоизаи давлатии ИҶШС (1980), инчунин унвонҳои Ҳунарпешаи халқии ҶШС Озарбойҷон (1958), Ҳунарпешаи ИҶШС (1965), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1982) ва ғ. сарфароз гардид. Ӯ инчунин дар вазифаи Котиби идораи Иттифоқи бастакорони Озарбойҷон (аз соли 1956) ва Иттифоқи бастакорони ИҶШС (аз соли 1975),  Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶШС Озарбойҷон (соли 1980) кору фаоълият намуд.

Фикрет Амиров оҳангсозест, ки ба мо як олами аҷиби рангоранги ҳиссиёт, таассурот, бозёфтҳо ва меҳри бепоёнро нисбат ба халқу зодгоҳи худ армуғон гузоштааст.

Дар яке аз мусоҳибаҳо ӯ иқрор шуд: «Ман ҳамеша орзу мекардам ва ҳоло ҳам орзу дорам, ки мусиқии озарбойҷонӣ дар тамоми гӯшаву канори ҷаҳон садо диҳад ва ҳама дар бораи он огоҳ бошанд, ва он як навъ аломати хоси мардуми Озарбойҷон бошад – зеро аксар вақт худи мардумро аз рӯйи мусиқии  он баҳо медиҳанд. Ва агар ман ақаллан қисман тавонистам, ки орзуи худ – орзуи тамоми умрамро амалӣ созам – пас ман хушбахтам!».

Оҳангсози барҷаста 20 феврали соли 1984 аз олам даргузашт. Ӯ дар Хиёбони фахрии Боку ба хок супурда шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь