Созмони ҷаҳонии футбол (FIFA) рейтинги нави дастаҳои аъзояшро нашр кард, ки дар он дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон аз мавқеи 122-юм як зина боло рафта, дар ҷойи 121-ум қарор гирифтааст.

Тоҷикистон аз моҳи гузашта панҷ имтиёзро аз даст додааст ва холҳояш 1143 аст. Дастаи мунтахаби Гвинея Бисау аз Тоҷикистон пеш асту Қазоқистон баъд аз кишвари мо ҷой дорад.

Дар рейтинг чун моҳи пеш дастаи мунтахаби Белжик бо 1780 имтиёз пешсаф аст. Зинаи дуюмро Фаронса (1755) ва сеюмро Бразилия (1743) аз худ кардаанд. Дастаи мунтабаи Инглис дар зинаи чорум аст. Портуғол, Испониё, Оржентин, Уругвай,  Мексико ва Итолиё зинаҳои то 10-умро байни худ тақсим караанд.

Аз дастаҳои осиёӣ Ҷопон пешсаф аст, ки бо 1502 имтиёз дар зинаи 27-ум ҷой гирифтааст. Аз дастаҳои собиқ Шӯравӣ Укроин имтиёзи бештар дорад (1528) ва  дар ҷойи 24-юм аст.

Дастаи мунтахаби Русия баъд аз шикасти бузург аз Сербистон (0:5) панҷ зина поён рафта, аз зинаи 34-ум ба 39 кӯч кардааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь