Дар меҳмонхонаи Ҳаёт Реҷенсӣи пойтахт маросими ҷамъбасти фаъолияти солонаи ташкилоти ҷамъиятии варзишии Федератсияи санъати муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (TAJMMAF) дар соли 2021 баргузор гардид. Ин маросим 12-уми январи соли ҷорӣ дар шароити тантанавӣ сурат гирифта, дар он аз фаъолияти солонаи ташкилоти мазкур натиҷагирӣ карда шуд.

Дар маросими ҷамъбасти соли 2021 нахустин шуда, намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуд. Ӯ зимни баромади худ дастовардҳои варзишгарони кишварро аз мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ қобили таҳсин хонд. Инчунин, роҳбари Федератсияи санъати муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбии ҷумҳурии Тоҷикистон (TAJMMAF), Даврон Ҷӯраев суханронӣ намуда, дастгириҳои ҳамешагии ҳукумати кишварро дар самти варзиш хеле хуб арзёбӣ кард.

Варзишгарони федератсия дар давоми соли гузашта дар чаҳор мусобиқаи байналмиллалӣ ширкат варзида, дар умум 27 медал, аз ҷумла, 6 тилло 5 нуқра ва 17 биринҷӣ ба даст овардаанд. Федератсияи TAJMMAF соли 2021 се мусобиқаи сатҳи ҷумҳуриявиро дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд баргузор намуд, ки дар онҳо варзишгарони бисёре аз тамоми минтақаҳои кишвар иштирок карданд.

Дар рафти баргузории ҳамоиш аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба 11 варзишгари ин федератсия шаҳодатномаи “Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” супорида шуд. Аввалин маротиба дар таърихи ин намуди варзиш дар кишвар Отабек Раҷабов ба гирифтани унвони “Устоди варзиши байналмиллалӣ” ноил гардид. Дастоварди дигари варзишгарони аъзои Федератсияи санъати муҳорибаҳои омехта қарор гирифтани онҳо дар зинаҳои аввали раддабандии ҷаҳонӣ мебошад. Дар байни ҷавонон Отабек Раҷабов дар зинаи аввал, Беҳрӯз Хуршедзода дар ҷойи дуюм ва Хуршед Қудратов дар раддабандии ҷаҳонӣ миёни наврасон дар мавқеъи якум қарор гирифтанд.

Ҳамзамон дар ин чорабинӣ беҳтарин клуби варзишии сол Клуби муҳорибаҳои касбии “Динамит”, беҳтарин мураббӣ Бахтиёр Турсунов, беҳтарин довар Олег Гришин, беҳтарин варзишгар дар миёни наврасони аз 12 то 17-сола Хуршед Қудратов, дар синну соли 18-20 Отабек Раҷабов ва аз 18-сола боло Ҷовидон Маҳмудов интихоб шуданд. Чеҳраи расмии Федератсияи санъати муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбии мамлакат Лоиқ Раҷабов дониста шуд.

Дар анҷоми чорабинӣ нишасти матбуотӣ доир шуд, ки рӯзноманигорон ва роғибони ин риштаи варзиш ба саволҳои худ аз ҷониби масъулини соҳа ҷавоб гирифтанд. Хотиррасон мешавем, ки ташкилоти ҷамъиятии “Федератсияи санъати муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” 31-уми октябри соли 2017 ташкил шудааст.

Гуфтан ба мавридаст, ки 17 нафар аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз риштаи санъати муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбӣ дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, ки моҳи январи соли ҷорӣ дар шаҳри Абу-Дабии Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад, ширкат меварзанд.

Муҳаммадназар Наҷмиддинов

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь