Чанде пеш дар шаҳри Маскави Русия се нафар узви як оила аз гази табиӣ заҳролуд ва ба ҳалокат расиданд. Ҳамчунин ду муҳоҷири дигар дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия аз ошёнаи 13-уми бино афтида, ҷон доданд.

Ба иттилои Сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи13-уми декабр, дар ноҳияи Раменскийи вилояти Маскав, дар натиҷаи заҳролудшавӣ аз гази табиӣ дар як хонаи истиқоматӣ се шаҳрванди  Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд. Гуфта мешавад, ки фавтидагон ду калонсол ва як кӯдак будаанд.

Ҳодисаи дуввум рӯзи 14-уми декабр дар яке аз биноҳое, ки дар он муҳоҷирони тоҷик кор мекарданд, рух додааст ва ду муҳоҷири тоҷик вафот кардаанд.

“Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия барои расонидани кӯмакҳои зарурӣ ба наздикону пайвандони фавтидагон ҷиҳати интиқол додани ҷасадҳо ба ватан изҳори омодагӣ мекунад”, – гуфтааст Сафорати Тоҷикистон дар Русия.

Гуфта мешавад, ки ҳалокшудагон ду тоҷики 25 ва 29-сола будаанд, ки яке дар қайди муҳоҷират қарор дошта, дуввумӣ ғайриқонунӣ дар Русия қарор доштааст.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфтааст, қазия таҳти пайгирии Сафорат ва Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург қарор дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь