Дар вилояти Хатлон давоми 7 моҳи соли ҷорӣ 4 ҳазору 135 нафар шахси нафақагир вафот кардаанд, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 349 нафар кам мебошад.

Худойдод Бобоҷонов

Худойдод Бобоҷонов, як масъули Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилояти Хатлон, дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, ки фавти нафақагирон  бештар дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб (301), Восеъ (303), Ҳамадонӣ (284), Фархор (226), Кӯшониён (224), Ёвон (233), Данғара (208), Ҷомӣ (222), Балхӣ (227) ва Қубодиён (211) ба қайд гирифта шудаст.

Манбаъ афзуд, ки аз  4 ҳазору 135 нафақагире, ки  вафот карданд, 1 ҳазору 437 нафар камбизоат мебошанд. Барои дафни ин афроди камбизот бештар аз 3,3 миллиону сомонӣ дода шудааст.

– Дар умум  шумораи нафақахӯрон дар вилояти Хатлон 263 ҳазору 496 нафарро ташкил медиҳад, – илова кард Х. Бобоҷонов.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь