Субҳи имрӯз дар бозори марказии ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон сӯхтор рух додаст.
Ба гуфти як манбаъ аз ноҳияи Қубодиён, ки нахост номаш зикр шавад, сухтор тахминан соатҳои чори субҳи рузи 29-уми июн рух додааст.
Сӯхтор майдони 655 метри мураббаъро дар бар гирифтаст. Барои хомӯш кардани сӯхтори бозор ба ҷуз хадамоти оташнишонии ноҳия аз ноҳияҳои Шаҳритус, Дустӣ, Балхӣ ва дигар ноҳияҳои атроф беш аз 10 нақлиёти сӯхторхомушкунӣ ҳозир шуда, дар мудати кӯтоҳ оташсӯзиро хомӯш карданд.
Гуфта шуд, ки хушбахтона дар сухтори бозори “Қубод”-и ноҳият Қубодиён талафоти ҷонӣ нест, аммо дӯкону мағозаҳои соҳибкорон ва молҳояшон ба коми оташ рафтанд. Тибқи маълумоти расида, ҳоло комиссияи махсуси иборат аз намояндагони ниҳодҳои гуногун машғул ба омӯзиши сабаби сар задани сӯхтор ва ҳаҷми зарар мебошанд.
Мавзуъро пайгирӣ мекунем.