Бар асари омадани ярч дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон 15 хона пурра вайрон шудаанд, ҳамчунин як пул ва заминҳои кишту роҳҳо низ зарар дидаанд.

Сухангӯи ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон Муродҷон Муҳиддинов иттилоъ дод, ки субҳи 8 майи соли ҷорӣ бар асари омадани ярч дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 15 хона пурра хароб шудаанд. Наздики 100 га замин кӯчида, пурра хароб шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки хушбахтона, дар ин офати таббиӣ ягон нафар осеб надидааст ва талафоти чорво низ ба қайд гирифта нашудааст. Сокинони зарардида бо хаймаҳо ва вақт ғизои гарм таъмин карда шудаанд.

– Мувоини сарвазири кишвар Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ, раиси вилоят Ҳакимзода Қурбон, роҳбари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар Рустам Назарзода аз  деҳаи Навобод, ки 15 хона бар асари омадани ярч пурра вайрон шуд, дидан карда, масъулонро муваззаф карданд, ки дар муҳлати кутоҳ харобиҳои офати табииро рафъ карда, ба сокиноне, ки хонаҳояшон зарар диданд, ёрӣ расонида шавад, – илова кард Муродҷон Муҳиддинов.

Вазъро пайгирӣ хоҳем кард.

 

 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь