Аҳлиддин Баҳодурзода, фарзанди раиси  шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода, дар рӯзи аввали даъвати сарбозон ва сафарабарии инҳо ба хидмати ҳарбӣ, ки дар ҷамоати деҳоти Ворух доир шуд, хидмати ихтиёрӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳро кардааст.

Аҳлиддин Баҳодурзода хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултети ҳуқуқшиносӣ буда, аз ҷавонмардонест, ки бо амри дилу виҷдон хизмати Ватан-Модарро ихтиёр кардааст.

Мавсуф мегӯяд, ӯро  ҳисси ватандӯстӣ, муҳаббат ва уҳдадорӣ дар назди Ватан ба хизмати ҳарбӣ водор мекунад, зеро Ватан қиматтарин туҳфаи тақдир барои ҳар инсон аст, кас танҳо дар Ватани азизи хеш ба ҳама орзуву омоли наҷиби худ мерасад. Ҳамаи мо бояд шукргузор бошем, ки чунин Ватани ободу зебо, осудаву рӯ ба рушд дорем ва тамоми шароитҳо баҳри расидан ба қуллаҳои мурод барои ҷавонон муҳайёст.

“Муқаддастарин қарзи фарзандӣ – дифоъ аз шарафу номуси Ватан, яъне хизмати Ватан –Модарро кардан аст. Барои ҷавонмард хизмат ба Ватан, муҳофизат аз марзу буми муқаддаси Ватан ин нишонаи нангу номуси баланд ва шарафу эътибори бузург аст. Он як навъ мактаби бузурги ҷавонмардию шуҷоат, далериву садоқат ва исботи муҳаббату самимият ба Модар-Ватани азизи худ мебошад. Аз тарафи дигар, оромиву амният дар хонадон, хушбахтиву саодати ҷовидонӣ дар Ватан, хандаҳои беғаши кӯдакон, нафаси осудаи падару модарон аз ҷасорату матонат, иродаи қавии ҷавонмардони ватандӯстии диёр, аз эҳсоси баланди худшиносӣ ва меҳанпарастии  мо, ҷавонон вобастагии калон дорад.” – мегӯяд ӯ.

Номбурда ният дорад, ки баъди адои хизмати ҳарбӣ саҳми худро дар пешрафти Тоҷикистони азиз, гулгулшукуфии Ватани маҳбуб гузорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь