Президенти Фаронса Эммануэл Макрон истеъфои сарвазир Элизабет Борнро пазируфт.

Элизабет Борн аз моҳи майи соли 2022 бидуни дастгирии аксарияти мутлақи палатаи поёнии парлумон ҳукумати Фаронсаро раҳбарӣ мекунад. Вакилон борҳо ба кори ӯ изҳори нобоварӣ кардаанд, ки қабули ислоҳоти нафақа аз намунаи амалҳои ӯст.

Президенти Фаронса Эммануэл Макрон истеъфои сарвазир Элизабет Борнро пазируфт. “Хизматҳои шумо ба халқи мо намуна буд. <…> Ман аз самими қалб ба шумо ташаккур мегӯям”, – изҳор доштааст президент.

Борн то таъсиси ҳукумати нав вазифаи сарвазириро идома медиҳад. Вай аз моҳи майи соли 2022 ҳукумати ин кишварро раҳбарӣ мекунад. Элизабет Борн Жан Кастексро, ки аз моҳи июни соли 2020 кобинаи вазиронро раҳбарӣ мекард, иваз карда буд. Пештар Борн вазири меҳнат, вазири ҳифзи муҳит ва вазири наклиёт низ буд.

Вай аввалин зане буд, ки дар 30 соли ахир дар вазифаи нахуствазири Фаронса кор кардааст. Солхои 1991-1992 хукумати ин кишварро зани дигар Эдит Крессон сарварӣ мекард.

Қаблан шабакаи BFMTV вазири маориф Габриэл Аттали 34-соларо вориси эҳтимолии Борн номида буд. Ҳанӯз тасдиқи расмии ин хабар вуҷуд надорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь