Рӯзи 23-юми сентябри соли равон раиси вилояти Хатлон  Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Фархор  муроҷиати 18 сокини ин ноҳияро гӯш карда, ба масъулон барои рафъи мушкилоти онҳо дастуру супориш дод.

Аз ҳукумати вилояти Хатлон хабар доданд, ки ба раиси вилоят 18 сокини ноҳия дар масъалаҳои дастгирӣ дар ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони мактаб ва муассисаи томактабӣ аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ, гирифтани замини наздиҳавлигӣ барои сохтмони хона, тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо, кашидани хатти оби нӯшокӣ, кумаки моддию молиявӣ ба нафарони эҳтиёҷманд ва маъюб, сохтмони майдончаи варзишӣ ва дигар масоил муроҷиат карданд.

Раиси вилоят ба масъулони ташкилоту идораҳои ноҳиявию вилоятӣ барои ҳалли масъалаҳои муроҷиати шаҳрвандон дастуру супориш дод.

Дар поёни вохӯрӣ раиси вилоят оид ба сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумат, баргузории чорабиниҳои сиёсӣ, сафарбарии ҷавонон ба даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷамъоварии ҳосили пахта, тайёрии пурраи муассисаҳои тандурустиву маориф ба мавсими зимистон,таъмини оби нӯшокӣ ва дигар масъалаҳои рӯзмарра ба раиси ноҳия ва масъулони ҳукумат дастуру супориш дод.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь