Дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ ва иди Қурбон дар ноҳияи Фархор ба 300 нафар аз оилаҳои ниёзманд, маъюбону ятимон кумак карда шуд.
Дар партави дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дасти кумак дароз кардан ба қишри ниёзманди ҷомеа, дар ҳама иду ҷашнҳо, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор пайваста аз ҳолу аҳволи шахсони барҷомонда, ятимон, маъюбон ва оилаҳои эҳтиёҷманд бохабар мегарданд.
Ба ин мақсад бахшида ба 26-умин солгарди “Ваҳдати миллӣ” ва фарорасии Иди Қурбон, аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва бо дастгирии намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор ба 300 нафар аз оилаҳои ниёзманд аз ҷумла, маъюбону шахсони барҷомонда маводи хурокворӣ аз қабили орд, равған, шакар ва биринҷ кумак карда шуд.