Сухангӯи ҳокими вилояти Фарғона Муҳаммадҷон Обидов аз мақомаш истеъфо дод. Вай дар саҳифаи хусусии шабакаи иҷтимоии Facebook дар ин бора маълум кардааст.

Гуфта мешавад, вай ба варами шуш мувоҷеҳ шудааст ва аз 17 сентябр ба ин сӯ дар яке аз шифохонаҳои вилоят муолиҷа мегирад.

– Барои ҳамин дар маросими гусели собиқ ҳокими вилоят Шӯҳрат Ғаниев ва пазироии Хайрулло Бозоров ба ин мақом натавонистам иштирок кунам, – навиштааст ӯ.

Ба гуфтаи Муҳаммадҷон Обидов дафтари ахбори ҳокимияти вилоятро як рӯз бесоҳиб гузоштан намешавад.

– Ҳоло ҳокими нави вилояти Фарғона ба иҷрои вазифа шурӯъ кард. Барои ҳамин тасмим гирифтам, ки аз мақоми сухангӯи ҳокими вилояти Фарғона истеъфо диҳам, – навиштааст вай дар саҳифаи хусусии шабакаи иҷтимоии Facebook.

Тавре Муҳаммадҷон Обидов тазаккур медиҳад, ҳокими нави вилоят Хайрулло Бозоровро дер боз мешиносад.

– Аризаам дар бораи истеъфо аз мақоми сухангӯи ҳокими вилоятро ҳокими нав пазируфт ва маро хушҳол кард, – зикр кардааст М.Обидов.

Ҳоло Муҳаммадҷон Обидов мақоми сардабири рӯзномаҳои муштараки “Фарғона ҳақиқати” ва “Ферганская правда” – ин нашрияи ҳокимияти вилояти Фарғона ба забонҳои ӯзбекӣ ва русиро бар дӯш дорад. Дар айни замон раиси бахши вилоятии Иттиҳодияи эҷодии журналистони вилояти Фарғона аст.

Вай солҳои дароз ба ҳайси мухбири бахши “Ахбор”-и шабакаи аввали телевизиони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар вилояти Фарғона кор кардааст.

Мирасрор Аҳроров,

мухбири “Фараж”, шаҳри Фарғона

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here