Дар таърихи сисолаи касби истиқлоли Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳавопаймои хурди мусофирбари Ан-2 мувофиқи ҷадвали муқарраршуда  12 декабр бо хатсайри Фарғона-Сӯх-Фарғона парвози нахустини худро ба роҳ монд. Минбаъд он ҳафтае ду маротиба ба роҳ монда хоҳад шуд.

Дар ин ҳавопаймо, ки марбути ширкати ҳавонавардии Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Humo Air” мебошад, як гурӯҳ мусофирон дар тӯли сӣ дақиқа худро аз майдони байналмилалии Фарғона ба аэродроми Сӯх ва аз ин аэродром ба Фарғона расониданд.

– Инак, ҳамон рӯзи шодиву нишоти мардуми ноҳияи Сӯх, ки аз чаҳор тараф дар иҳотаи вилояти Боткенти Қирғизистон қарор дорад,  фаро расид. Бори нахуст як гурӯҳ мусофирон бо иштироки журналистони расонаҳои гуногун аз тариқи ин ҳавопаймо худро аз Фарғона ба Сӯх расониданд. Шодиву нишоти мардуми мо аз шунидани ин навгонӣ ҳадду канор надорад, – мегӯяд ба “Фараж” блогнависи маҳаллӣ Дадахон Ҳасанов.

Вай афзуд, ки парвози мунтазами ҳавопаймои Ан-2, ки дар айни ҳол ҳафтае ду маротиба-рӯзҳои душанбе ва ҷумъа муқаррар шудааст, имкон фароҳам хоҳад овард, ки мусофирони зиёд бидуни убури посгоҳҳои марзии Ӯзбекистон ва Қирғизистон худро аз як манзил ба манзили дигар расонанд. Ба гуфтаи Дадахон Ҳасанов муддати парвоз барои як тараф сӣ дақиқаро ташкил мекунад.

Ногуфта намонад, ки парвози ҳавопаймоҳо бо ин хатсайр бар асоси қарори президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев “Дар бораи инкишофи маҷмӯии иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона дар солҳои 2020-2021” ба роҳ монда шудааст.

Дар ширкати ҳавонавардии “Humo Air” низ тасдиқ намуданд, ки шурӯъ аз 12 декабри соли равон ҳафтае ду маротиба бо хатсайри Фарғона-Сӯх-Фарғона ҳавопаймои мусофирбари Ан-2 мунтазам парвоз анҷом медиҳад.

-Имрӯз барои мардуми Сӯх рӯзи хурсандиву нишот аст. Баъзе таҳаввулоте, ки дар солҳои охир дар ҷумҳурии мо ба вуқӯъ мепайванданд, барои мардуми ноҳияи мо мисли хобу хаёланд. Ҳамин парвози ҳавопаймо бо хатсайри Фарғона-Сӯх-Фарғона аз ҷумлаи чунин таҳаввулоти хуб мебошад. Минбаъд одамони синнашон бузург, хосатан занҳои нав таваллудкарда, беморони вазнине, ки интиқоли онҳо тавассути нақлиёти заминӣ ғайриимкон мебошад, ба осонӣ аз як манзил ба манзили дигар интиқол хоҳанд ёфт,-мегӯяд пизишки шифохонаи марказии ноҳияи Сӯх Ҳасанхон Ҳалимов.

-Бори аввал парвози санҷишии ҳавопаймои Ан-2 бо хатсайри Фарғона-Сӯх ва аз Сӯх ба Фарғона 1 ноябри соли равон ба вуқӯъ пайваст. Аммо ба далели он ки атрофи майдони ҳавоии Сӯх ҳанӯз иҳота гирифта нашуда буд, ин ҳол барои амалӣ намудани ҷадвали парвозҳо мувофиқат намекард. То пурра иҳота гирифтани атрофи аэродром парвози ҳавопаймоҳо мутаваққиф гардид ва имрӯз онро шурӯъ намудем,-мегӯяд сарнишини  ҳавопаймои мазкур Ҷавоҳир Маърупов.

Ба таъкиди ӯ дар сурати пайдо шудани эҳтиёҷи мардуми ноҳияи Сӯх ҷиҳати афзоиш додани рейсҳои иловагӣ дар ин хатсайр ҳеч мушкиле эҷод нахоҳад шуд.

Ин майдони ҳавоӣ ба ивази 6,8 миллиард сӯм бунёд гардидааст. Масоҳати умумии он ҳудуди 7 гектарро ташкил менамояд ва дарозии майдони парвоз бештар аз 700 метр мебошад.

Мусофирон аз майдонҳои ҳавоии Фарғона, Намангон ва Андиҷон, инчунин кассаи билетфурӯшӣ, воқеъ дар маркази ноҳияи Сӯх метавонанд билет харидаву бо ҳавопаймои Ан-2 худро аз Фарғона ба Сӯх ва аз Сӯх ба Фарғона расонанд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, вилояти Фарғона

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь