Дар шаҳри Фарғона ҷамъомади навбатии фаъолони Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилоят баргузор гардид. Дар он аз ноҳияҳои тоҷикнишини вилоят намояндагон ширкат карданд.

Гуфта мешавад, дар давраи оламгир шудании коронавирус аз иштироки теъдоди бештари вакилони тоҷиктабори  шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ин ҷамъомад ҷилавгирӣ шуд.

Қабл аз баррасии масъалаҳои таҳти назар хотираи неки раиси пешини маркази фарҳангӣ Усмоналӣ Исмоилов ба ёд оварда шуд. Баъд иштирокчиёни ҷамъомад бо қироати  порае аз Қуръони азимушшаън дар ҳақи вай дуову фотиҳа хонданд.

Бо пешниҳоди аъзои раёсати маҷлис аз шунидану арзёбии корҳои то ин вақт иҷрокардаи раиси пешини маркази фарҳангӣ сарфи назар шуд.

Ҷамъомад 13 нафарро аъзои нави раёсати ин марказ интихоб намуд. Баъд аз байни намояндагони шаҳру ноҳияҳои мухталифи вилоят барои ишғоли мақоми раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикон панҷ нафар номзад пешбарӣ гардиданд, аммо се нафар то шурӯъи овоздиҳӣ номзадашонро пас гирифтанд. Онҳо изҳор карданд, ки ба ин мақом бояд шахси лоиқу арзанда пешбарӣ ва интихоб шавад.

Ба ин тартиб, ду номзад боқӣ монданд. Номзади аввал зодаи шаҳри Риштон, дотсенти Донишгоҳи давлатии Фарғона, устоди забони форсӣ Мухторҷон Зокиров ва номзади дуюм корманди бахши тоҷикии Ширкати садову симои вилояти Фарғона шоир ва журналист Масъуд Мирзоев зимни ироаи матлаб дар хусуси он ҳарф заданд, ки кадом корҳои муҳимро ба нафъи мардуми тоҷиктабори вилоят мавриди иҷро қарор хоҳанд дод.

Бо роҳи овоздиҳии кушод аз байни ин ду нафар Масъуд Мирзоев раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилояти Фарғона, Мухторҷон Зокиров ва Камолиддин Азизов ноибони раис интихоб шуданд. Ҳамзамон бо қарори иштирокчиёни ҷамъомад яке аз равшанзамирони ноҳияи Риштон, фориғуттаҳсили Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва ҳамдарсу ҳамсабақи устод Ҷӯрабек Муродов – устод Сайфиддин Иноятов ба сифати раиси ифтихории маркази мазкур пазируфта шуд.

– Ҳифзи забони модарӣ, арзишҳои миллӣ ва рушду ривоҷи расму ойинҳои мо дар меҳвари фаъолияти раёсати нави Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилоят қарор хоҳад гирифт. Дар Ӯзбекистон барои рушду ривоҷи забону фарҳангии миллии мо ҳамаи шароит фароҳам оварда шудааст. Худи мо бояд талош кунем, ки дар ин ҷода фидокор бошем. Фарзандонамон дар мактабҳои таълимоти умумӣ ба забони модарӣ таҳсил кунанд, соҳиби ҳуввияти миллӣ бошанд ва дар оянда дар баробари ҳифзи забон барои ривоҷи расму ойинҳои миллӣ низ саҳми худро гузоранд, – гуфт ба мухбири “Фараж”  раиси нави маркази фарҳангии тоҷикони вилояти Фарғона Масъуд Мирзоев.

– Дар тӯли солҳои зиёд бори аввал шоҳид мешавам, ки ҷамъомади Маркази миллӣ-фарҳангӣ бо иштироки одамони маъруфи вилоят баргузор мегардад. Дар ин ҷо ҳузури собиқадорони меҳнат Шарофиддин Юсуфов, Турсунхӯҷа Абдураҳмонов, Кимсанбой Додобоев, Ӯринбой Шарифов, Сайфулло Қаҳҳоров, Бӯрибой Амонзода нуфузи ҷамъомадро хеле шукӯҳ бахшид, – иброз намуд Сайфиддин Иноятов.

Ба гуфтаи ӯ кулоли машҳуру маъруфи риштонӣ Шарофиддин Юсуфов ҳанӯз замони салтанати шӯроҳо Мукофоти комсомоли лениии умумииттифоқиро ба даст овардааст. Дар солҳои истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ин ҳунарманди тоҷиктабори риштонӣ чандин нишонҳои давлатиро низ соҳиб гаштааст. Ҳоло Шарофиддин Юсуфов узви вобастаи Академияи бадеии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, соҳиби дипломи ЮНЕСКО ва аз зумраи устоёне мебошад, ки шогирдони зиёдро тарбия кардасту ин раванд идома дорад.

Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилояти Фарғона дар айни ҳол соҳиби мошини сабукрави морки “Дамас” ва 50 миллион сӯм мебошад. Ин мошин ва маблағро ҳокимияти вилояти Фарғона тақдим кардааст.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Фарғона, Ӯзбекистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь