Бори нахуст дар солҳои касби истиқлолияти Ӯзбекистон фориғуттаҳсилони мактабҳои таълимоти умумӣ, коллеҷу литсейҳои ноҳияи Сӯх имтиҳонҳои дохилшавии тестиро ба забони модариашон – тоҷикӣ супурданд. Гуфта мешавад, ки дар имтиҳонҳои тестӣ  1 ҳазору 410 нафар довталаб ширкат карданд.

Онҳо ба 21 донишгоҳу донишкадаи ҷумҳурӣ ҳуҷҷат супурдаанд. Ин донишгоҳҳо ва донишкадаҳо барои ноҳияи Сӯх аз рӯи 43 ихтисос кадр тайёр хоҳанд кард.

Имтиҳонҳои тестӣ дар варзишгоҳи марказии “Истиқолол”-и ноҳия, воқеъ дар шаҳраки Ровон дар ду баст баргузор гардид. Ин варзишгоҳ аз ҳар нигоҳ муҷаҳҳаз сохта шуда, ҷавонон барои супурдани истиҳонҳои тестӣ аз шароити зарурӣ  бархурдор буданд. Талош ба харҷ дода шуд, ки он шаффоф ва бидуни вайрон кардани қоидаҳои имтиҳонҳои тестӣ гузарад.

Ғайр аз ин, боз ҳудуди ҳазор нафар ҷавони сӯхитабор, ки солҳои мухталиф мактаби таълимоти умумӣ, коллеҷҳои касбу ҳунар ва литсейҳои академикиро хатм кардаанд ва натавонистаанд сари вақт ҳуҷҷатҳояшонро ба ҳайси сӯхитабор супоранд, ба таври мустақилона ба донишгоҳҳо ҳуҷҷат супурдаанд. Онҳо дар шаҳрҳои Фарғона, Андиҷон, Тошканд, Самарқанд ва шаҳрҳои Русия  барои ишғоли курсиҳои донишҷӯӣ талош хоҳанд кард.

Довталабоне, ки барои ихтисосҳои рассомӣ, мутриб, намудҳои гуногуни санъат, тарбияи ҷисмонӣ ва таълими ибтидоии ҳарбӣ ҳуҷҷат супурдаанд, аз имтиҳонҳои тестӣ озод карда шудаанд. Онҳо танҳо аз рӯи ихтисоси интихоб кардаашон имтиҳонҳои амалӣ месупоранд. Теъдоди  онҳо 421 нафарро ташкил мекунад.

Мувофиқи супориши сарвари давлати Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба 500 нафар ҷавони ноҳияи Сӯх имкон дода шудааст, ки ба донишгоҳҳову донишкадаҳо бо квотаи давлатӣ дохил шаванд. Онҳо мувофиқи холҳои ба даст овардаашон шомили 21 мактаби олӣ хоҳанд шуд.

Бино ба иттилое, ки ба мухбири “Фараж” расидааст, дар назди Дастгоҳи президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон комиссияи махсус таъсис ёфтааст. Ин комиссия  холҳои ба даст овардаи ҷавонони ноҳияи Сӯхро баррасӣ ва соҳибони холҳои баландро бо гранти давлатӣ шомили донишгоҳҳо мекунад.

Теъдоди боқимондаи ҷавонон, ки  холҳои ба даст овардаашон ба тарзи шартномавӣ мувофиқ меояд, аз рӯи қарори комиссияи қабул бо пардохти ҳақи шартнома барои таҳсил дар мактабҳои олӣ фаро гирифта мешаванд.

Ногуфта намонад, ки як гурӯҳи ҷавонон аз рӯи ихтисосҳои интихобкардаашон имтиҳонҳои тестиро ба забонҳои ӯзбекӣ, рӯсӣ, англисӣ ва забонҳои дигар низ супурданд. Онҳо низ мувофиқи холҳои ба даст овардаашон тибқи гранти давлатӣ ё пардохти ҳақи шартнома шомили донишгоҳҳо хоҳанд шуд.

– Мо барои чунин имконият ва шароите, ки президенти мамлакатамон барои фарзандони ноҳияи тоҷикнишини Сӯх фароҳам овард, самимона арзи сипосу миннатдорӣ мекунем. Ин ҳодисаи таърихӣ ба шумор меравад. Бидуни иштибоҳ метавон гуфт, ки бори нахуст 500 нафар ҷавони мо бо гранти давлатӣ шомили мактабҳои  олии ҷумҳуриамон хоҳанд шуд, – мегӯяд ба мухбири “Фараж” собиқадори соҳаи маорифи ноҳияи Сӯх Салоҳиддин Завҳаров.

То 14-уми сентябр натиҷаҳо баррасӣ ва баъд эълон карда мешаванд. Комиссияи махсус муайян хоҳад кард, ки ба шумори 500 нафар ҷавони сӯхӣ соҳибони кадом ихтисосҳо шомил шудаанд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь