Ҳайдарҷон Ҳайдаров ва Дилмурод Маҳбубов, ду сокини ноҳияи Сӯх, 22-юми август, аз тарафи кормандони умури амниятиву интизомии кишварашон мавриди боздошт қарор гирифта буданд. Гуфта мешавад, ки онҳо дар таъсиси беназмиҳои оммавӣ ширкат кардаанд.

Бино ба хабарҳои расида Ҳайдарҷон Ҳайдаров раванди ҳодисаҳои 31 майи соли равон дар ноҳияи Сӯхро ба сифати блогнавис дар саҳифаи хусусии “Ютуб”-и худ инъикос намудааст. Гуфта мешавад, ба ин далел вай боздошт гардидаву чанд муддат мавриди бозпурсиҳо қарор доштааст.

Ба гуфтаи Ҳамидахон Абдуназарова, вакили мудофеъи Ҳайдарҷон Ҳайдаров, кормандони тафтишот маҷбур шудаанд, ки шахси зери ҳимояти ӯро ба озодӣ бароваранд.

– Маълум шуд, ки барои дар ҳабс нигоҳ доштани Ҳайдарҷон Ҳайдаров ягон асос мавҷуд нест, – мегӯяд вакили мудофеъ.

Ҳоло як гурӯҳ сокинони ноҳияи Сӯх баъди боздошт ба маркази вилоят истирдод шудаанд ва дар боздоштгоҳҳо бар сар мебаранд, аммо сарнавишти онҳоро касе намедонад. Ин афрод бо ҷурми итоат накардан ба мансабдорони ҳукумат ва ташкили беназмиҳои оммавӣ гумонбар ва боздошт шудаанд.

Алайҳи боздоштшудагон корҳои тафтишотӣ ва бозпурсиҳо идома доранд.

Ёдовар мешавем, ки 31 майи соли равон миёни сокинони деҳаи Чашмаи ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона ва деҳаи Чечмеи ноҳияи Қадамҷои вилояти Боткент кашмакашҳо ба вуқӯъ пайвастаанд. Баъд низоъ бештар тавсеъа ёфтаасту иштирокчиёни онҳо садҳо нафарро ташкил намудааст. Одамони ду самти марз аз гаппаронӣ машғули сангпартоӣ шудаанд.

Бар асари ин даргирӣ 187 нафар сокини ноҳияи Сӯх захм бардоштаанд. Бино ба манбаъҳои расмии Қирғизистон 25 сокини деҳаи Чечмеи ин кишвар низ дар ин задухӯрд захмӣ шудаанд.

Сокинони деҳаи Чашмаи нроҳияи Сӯх мегӯянд, ки қирғизҳо марзи давлатии Ӯзбекистонро эътироф намекунанд. Симчӯбҳои зиёди сари марз насбшуда бештари заминҳои минтақаи марзӣ маҳз моли онҳост.

– Чашмаи софу зулол дар марзи Ӯзбекистон воқеъ гаштааст. Аммо ҳамсояҳои мо талош мекунанд, ки онро моли худ кунанд ва моро аз истифодаи оби он маҳрум созанд. Мақсадашон касиф аст ва ба қадри сулҳу субот ва зиндагии орому осуда намерасанд. Кӯшиш мекунанд, ки вазъият аз эътидол берун шавад.  Худро хуҷаини комили ин минтақа меҳисобанд ва мехоҳанд, ки мо аз ҳар нигоҳ тобеи онҳо бошем, аммо инро мақомоти кишварамон намефаҳманд ё фаҳманд ҳам, ягон иқдом намекунанд. Магар ин аз рӯи инсофу диёнат аст? – гуфт ба мухбири “Фараж” сокини деҳаи Чашмаи ноҳияи Сӯх Камолиддин Азизов.

Гуфта мешавад, ба наздикӣ муфтии идораи мусалмонони Қирғизистон Мақсатбек ҳожӣ Тоқтомушев  аз Бишкек ба ноҳияи Сӯх омада буд. Вай ҳамроҳи ҳамтои ӯзбекаш Усмонхон Алимов дар ин ноҳия ҷамъомади васеъ баргузор кард ва мардуми Сӯхро насиҳат кард, ки бо ҳамсояҳои худ созиш намоянд.

– Аммо вай мебоист ин панду насиҳаташро дар миёни мардуми худ пиёда мекард, чунки мардуми шарифи Сӯх роҳи касеро набастаанд ва ба оби чашмаи касе хуҷаинӣ накардаанд! – мегӯяд Камолиддин Азизов.

Вай таъкид дошт, ки шояд ду-се нафари бадкирдор ҳастанд, ки майнаи мардуми худро заҳролуд мекунанд ва онҳоро алайҳи сӯхиён ба чангу низоъ бармеангезанд. Инро мардуми ноҳияи Сӯх хеле хуб медонанд.

Ҳалли масъалаҳои геополитикӣ мақомоти баландпояи ин кишвари ҳамҷаворро ба ташвиш намеорад. Аксарият ба ҷои барқарор намудани сулҳу субот ва ҳамбастагии миёни мардуми ду самти марз дар фикри ғун кардани пулу сармоя ҳастанд.

– Сабабгори дигари ин кашмакашиву задухӯрдҳои миёни мардуми  ду самти марз бастани пеши роҳи оби чашмаҳо аз ҷониби қирғизҳо мебошад. Охир мардуми мо ҳазорҳо сол оби ин чашмаҳоро барои рафъи эҳтиёҷи худ ва обёрии киштзоронамон истифода кардааст. Аммо, пайдост, ки ҳамсояҳои қирғизи мо расму ойини ҳамсоядориро кайҳо фаромӯш кардаанд, – изҳор кард ин сокини деҳаи Чашма.

Камолиддин Азизов афзуд, ки агар масъалаҳои муайянкунӣ ва аломатгузории марзи миёни Ӯзбекистон ва Қирғизистон бо дарназардошти ҳимояи манфиатҳои мардуми ду тараф ҳаллу фасл шавад, ягон ихтилоф ба вуҷуд нахоҳад омад, дар акси ҳол ин низоъҳо минбаъд низ дар шакли доманфарох давом хоҳанд кард.

– Аз замони пароканда шудани Иттиҳоди шӯравӣ ҳамсояҳо талош ба харҷ медиҳанд, ки замину чашмаҳои атрофу акнофи ноҳияи Сӯхро ғасб намоянд ва моли худ кунанд. Дар айни ҳол ҳазорҳо гектар замин, дашту адирҳо ва кӯҳпояҳои мутааллиқ ба мардуми ноҳияи Сӯх кайҳо аз даст рафтааст, аммо маълум нест, ки чаро мақомоти марбутаи мамлакати мо аз чунин ранг гирифтани ҳол ба ташвиш нестанд. Мардуми Сӯх устуворанд, ки якпорчагии сарҳади Ватани худро ҳифз кунанд, – иддао кард Камолиддин Азизов.

Ӯ тазаккур дод, ки аз кушода шудани роҳи Сӯх-Фарғона ду рӯз нагузашт, аммо аллакай мошинҳои пурбори қирғизҳо дар чаҳор самти ноҳияи Сӯх пайдо шуданд. Онҳо то басташавии роҳ низ алафи хушк, ангишт, семент ва маводи дигарро ба мардуми Сӯх бо нархи гарон мефурӯхтаанд. Акнун дубора онҳо ба ин бозор ворид шудаанд ва касе пишаки онҳоро пишт намегӯяд.

– Мардуми ноҳияи Сӯх беш аз бист сол ба ин сӯ аз тариқи қаламрави ин кишвари ҳамсоя хеле бо эҳтиёткорӣ худро аз як манзил ба манзили дигар мерасонанд. Оё мошинҳои мо метавонанд дар марзи Қирғизистон таваққуф намоянду бори худро ба фурӯш расонанд? Ҳаргиз! Дар муддати ду даҳсола ин кор ягон бор барои соҳибкорони мо муяссар нашудааст! – бо таассуф иброз дошт Камолиддин Азизов.

Ногуфта намонад, ки роҳи Сӯх-Риштон аз соли 2013 боз масдуд аст. Ин роҳест, ки аз нигоҳи фосила барои равуои мардуми ноҳияи Сӯх роҳи наздиктарин ба шумор меравад. Вале ҷониби Қирғизистон дар кушодани ин роҳ ҳаргиз иқдом наменамояд. Мақомоти ин кишвар далел меоваранд, ки баъзе қонуну қоидаҳои Созмони иқтисодии АвруОсиё намегузорад, ки Қирғизистон роҳи Сӯх-Риштонро кушояд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь