1 ноябр дар шаҳри Панҷакент дар чорчӯбаи лоиҳаи ECTAP (Лоиҳаи баланд бардоштани рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон) рӯзи дарҳои кушод баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ зиёда аз 180 нафар намояндагони ҳокимияти маҳаллӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ, намояндагони корхонаҳои давлатию хусусӣ, таҳвилгарони техникаи хоҷагии қишлоқ, ҳамчунин намояндагони лоиҳаи ECTAP ва кормандони Бонки Эсхата ҳузур доштанд.
Ин давраи навбатии лоиҳа буда, ҳадафи он бори дигар шинос намудани намояндагони сохторҳои гуногун бо лоиҳаи мазкур мебошад.
Лоиҳа барои деҳқонон имконият медиҳад, ки барои рушди соҳаҳои тухмипарварӣ, боғдорӣ, токпарварӣ, рушди молпарварӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти гуштию ширӣ қарзҳои дастрас гирифта бошанд.
Намояндагони сектори аграрӣ бо чашми худ техникаи хоҷагии қишлоқ ва дигар таҷҳизоти хоҷагии қишлоқро дида, имкони харидорӣ ва истифодаи онҳоро дар кори худ саҷиданд. Техникаи мазкур аз тарафи ҶСП «Агротехсервис», кооперативи «Сароб» ва ширкати “АКТЕК” пешниҳод шуда буд.
Лоиҳаи ECTAP маблағгузории хариди техникаи хоҷагии қишлоқ ва таҷҳизотро пешбинӣ мекунад. Ҳамзамон мизоҷон имконияти гирифтани маблағи грантиро дар ҳаҷми 20% аз ҳаҷми маблағи қарз пайдо мекунанд. Ин маблағгузорӣ ба деҳқонон имконият медиҳад, ки корҳои саҳроиро бе душворӣ ва самаранок иҷро намуда, ҳосили фаровон ба даст оранд. Лоиҳаи мазкур аз тарафи Бонки Аврупоии рушди таҷдид маблағгузорӣ шудааст.
Бонки Эсхата ҷонибдори рушди хоҷагии қишлоқи кишвар буда, дар лоиҳаи мазкур бо пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок барои соҳибкорону деҳқонон иштироки фаъолона дорад.