Раҷаб Тайиб Эрдуғон, президенти Туркия ба таҳдидҳои ҳамтои амрикоияш Доналд Трамп, ки гуфт, дар сурати раҳо нашудани руҳонии амрикоӣ Эндрю Брансон, нисбати Анқара таҳрим ҷорӣ мекунад, посух дод. Брансон ду сол аст, ки дар зиндон аст.
«Мо зери фишорҳо гузашт намекунем, аммо Амрико эҳтимол шарики муҳим ва содиқро аз даст диҳад»,- гуфтааст Эрдуғон дар ҳузури рӯзноманигорон. Ӯ ҳамчунин иттилои нашрияи “The Washington Post”-ро тасдиқ кард.
Бар асоси ин иттилоъ, Доналд Трамп бо хоҳиши Эрдуғон аз ҷониби Исроил озодии шаҳрванди Туркияро дархост кардааст, ки бо айби терроризм зиндонӣ шуда буд. Аммо Эрдуғон рад кард, ки дар иваз раҳоии руҳонии амрикоӣ Брансонро ваъда додааст. Дар Вашингтон умед доштанд, ки ҷонибҳо дар охири саммити НАТО дар Брюссел ба чунин натиҷа расидаанд. Дархости Трамп аз сарвазири Исроил Бенёмин Натаняҳу боиси озодии Эбру Озкани 27-сола шуд, ки бо айби ҳамкорӣ бо “Ҳамос” боздошт ва зиндонӣ шуда буд.
Эндрю Брансон, руҳонии амрикоӣ бештар аз 20 сол аст, ки дар Туркия истиқомат мекунад. Ҳафтаи гузашта ӯ аз зиндон раҳо, аммо то анҷоми муҳокимаи судӣ ба ҳабси хонагӣ гирифта шуд. Дар Вашингтон интизор доштанд, ки ӯ озод ва фавран ба ватанаш ихроҷ карда мешавад.
Ҳафтаи гузашта Трамп барои нигаҳдории Брансон Туркияро бо таҳримҳои бузург таҳдид кард.
Брансон дар ҷосусӣ, терроризм ва шарикӣ дар талоши табаддулоти соли 2016 айбдор мешавад. Вашингтон ба бегуноҳии ӯ пофишорӣ дорад.
Соли гузашта Эрдуғон дар яке аз суханрониҳояш гуфт, агар Амрико руҳонии турк Фатҳуллоҳ Гюленро ба Туркия ихроҷ кунад, дар ҷавоб Брансонро ба Амрико хоҳанд фиристод. Гюленро дар Туркия дар табаддулоти нокоми соли 2016 айбдор мекунанд.