Бино ба иттилои бахши матбуоти МИҲД-и шаҳри Кӯлоб, дирӯз дар деҳаи Бахтободи ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб дар саҳни ҳавлии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №36 чорабинии маърифатӣ-сиёсӣ доир гардид.

Манбаъ хабар дод, ки дар чорабинӣ муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу, раиси Раёсати Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии байналмилалии “Сипари Ваҳдат”-и вилояти Суғд Азизов Бозоралӣ ва дигар ҷанговарони башардӯст иштирок кардаанд.

– Бо ташаббуси Раёсати Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии байналмилалии “Сипари Ваҳдат” ёду номи шахсоне, ки барои халқу Ватан ҷони худро фидо кардаанд, гиромӣ дошта мешавад. Дар ин росто, лавҳаҳои сангин бо аксу номҳои Хоҷаев Ҳайталӣ Хуҷаевич, Тағоев Алишер Ҷураевич ва Бобохонов Қурбон дар саҳни мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №36 гузошта шуда, ба таври тантанавӣ парда аз рӯи лавҳаҳо бардошта шуд, – гуфт манбаъ.

Зимнан, муовини раиси шаҳри Кӯлоб сухан карда, қайд кардааст, ки ин мардон барои оромиву суботи ватан ва пойдории Истиқлолияти давлатӣ ҷони худро аз даст додаанд ва кору пайкори онҳо намунаи олии ватандӯстӣ барои ҷавонон мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь