Аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шаҳрванд Эрматов Эрмуҳаммад Эрмуратович, соли таваллудаш 1977, сокини шаҳраки Меҳробод, кӯчаи Олмазор №13, дастгир карда шуд, ки муддати тӯлонӣ ба дуздии амволи ғайр даст мезадааст.
Дар рафти гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷӯстуҷӯӣ муайян карда шуд, ки Эрматов Э.Э. дар давоми солҳои 2017 ва 2018 дар ҳудуди ноҳияи Ҷаббор Расулов 12 ҳолати дуздии телефонҳои мобилии шаҳрвандон ва ду ҳолати дуздии дучарха (велосипед)-ро содир кардааст.
Муайян карда шуд, ки ҳамаи дуздиҳои телефони мобилиро Эрматов Э.Э. аз ҳолати масти ҷабрдидагон, ки бо аксари онҳо шиносоӣ дошта, дар ошхонаҳо нишаста, хӯрок ва нушокии спиртӣ истеъмол мекардаанд, баъди маст шуданашон, ба тариқи пинҳонӣ аз кисаашон тасарруф кардааст. Дуздии дучархаҳоро бошад, баъди то хона расонидани майнӯшон, аз ҳолати ногувор ва мастии онҳо истифода бурда, содир кардааст.
Айни ҳол доир ба парвандаи ҷиноятии мазкур тафтишоти пешакӣ идома дошта, бо мақсади муайян ва ошкор кардани дигар ҷиноятҳои Эрматов Э.Э. чораҳои оперативӣ идома доранд.