Сокинони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз дасти дуздоне, ки манзилҳои истиқоматиро ғорат мекарданд, ба дод омада буданд. Ахиран кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Сино ду нафарро ҳамчун гумонбар дар ин амали зишт дастгир кардаанд.

Инҳо шаҳрвандон Ализода Алиҷон, соли таваллудаш 1999, сокини кӯчаи Борбад ва Сайёди Рустам, соли таваллудаш 2001, сокини кӯчаи Шерализодаи шаҳри Душанбе мебошанд.

Ин дуздҳо бо маслиҳати пешакӣ, аз набудани соҳибони манзилҳои истиқоматӣ истифода бурда, ба воситаи ҳар гуна олот панҷараи манзилҳои истиқоматиро шикаста, вориди хона гардида, маблағҳои пулӣ, ҷавоҳирот ва телефони мобилию дигар ашёҳои арзишмандро ммедуздиданд.

Аз ҷумла, шаби 28-уми августи соли ҷорӣ ба ҳамин тарз ғайриқонунӣ вориди манзили истиқоматии шаҳрванд Шарипова Гулшан, воқеъ дар кӯчаи Ҳувайдуллоеви ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, гардида, бо шикастани сандуқи оҳанин аз дохилаш 5 ҳазор сомонӣ, 1500 доллари амрикоӣ ва ба миқдори 5700 доллар ҷавоҳироти тиллоиро ба яғмо бурдаанд.

Ҳамчунин, дастгиршудагон кирдорҳои ҷиноятии худро идома дода, санаи 23-юми октябри соли ҷорӣ низ бо шикастани панҷараи тиреза вориди манзили истиқоматии шаҳрванд Самадов Баҳодур, воқеъ дар кӯчаи Ҳувайдуллоев гардида, аз он ҷо ду адад телефони мобилӣ ва як адад планшету дигар ашёҳои арзишнокро рабудаанд.

Мавриди зикр аст, ки бо шикастани панҷара вориди хона шудан усули хоси ҷиноятсодирнамоии ин дастгиршудагон буда, дигар ҳолатҳои аз ҷониби онҳо содир гардидани ҷиноятро тафтишот муайян хоҳад намуд.

Ҳоло бошад онҳо дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь