Дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон рухсатпулии омӯзгорони муассисаҳои таълими 100 дарсад пардохт карда шудааст.

Сардори Раёсати молияи ноҳияи Дӯстӣ Самадзода Сайднизомиддин  иттилоъ дод, ки рухсатпулии омӯзгорон 4 миллиону 134 ҳазору 803 сомониро ташкил медод, ки он пурра пардохт карда шуд.

Дар идома ӯ афзуд, ки аз ҳисоби буҷети ноҳия барои таъмири мактабҳо 689 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз он  324 ҳазор сомониаш маблағгузорӣ шуда, рӯзҳои наздик маблағи таъмир пурра ҷудо карда мешавад.

Раиси  ноҳия Нишонзода Даврон дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки аз ҷониби волидон бо харҷи беш аз 200 ҳазор сомонӣ муассисаҳои таълимӣ таъмир карда шуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь