Сокини 76-солаи ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ҳоло соҳиби се диплом буда, ният дорад шумораи онҳоро ба 5 адад расонад ва номи худро ба китоби “Рекордҳои Гинес” ҷой кунад.

Ғуломҳайдар Искандаров сокини 76-солаи ноҳияи Дустӣ пеши худ мақсад гузоштааст, ки 5 дипломи макотиби олиро ба даст орад.  Ӯ зодаи ноҳияи Қубодиён буда,  баъди хатми мактаби миёна  орзуи  таҳсил дар макотиби олӣ ва соҳибтахасус гаштанро мепарварид, вале зиндагии душвори онвақта барояш ин имконро надод.

– Вақти ҷавонӣ хоҳиши таҳсил буд, вале имкони дар донишгоҳи олӣ хонданро надоштам бо хатм кардани колеҷи техникӣ ва фаъолият дар  соҳаи  кишоварзии ноҳияи Дустӣ қаноъат кардам. Кору зиндагиро дар ин ноҳия идома дода,   пеши худ қавл кардам, ки бо даст додани имконият ҳатман панҷ ихтисоси нав омухта, дипломи донишгоҳи олиро мегирам ва номи худро дар китоби “Рекордҳои Гинес” ҳамчун калонсолтарин донишҷу аз Тоҷикистон ҷой медиҳам, – гуфт бобои Ғуломҳайдар.

Ҳарчанд хатмкардаи панҷ техникум аст, вале орзуи гирифтани дипломи дараҷаи олӣ дар дилаш ҷӯш мезанад.

– Баъди фаъолияти беш аз 24-сола дар самти кишоварзӣ ба  нафақа баромадам ва дубора хоҳиши таҳсил дар донишгоҳи олиро кардам. Барои расидан ба мақсаду орзуи худ таҳсилро дар мактаби олӣ аз соли 2012 бо ихтисоси забон ва адабиёти факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав шуруъ кардам, – бо шодии зиёд гуфт у.

Ба нақли бобои Ғулоҳайдар аввалин дипломашро соли 2015 ба даст оварда, баъдан таҳсилро дар риштаи забон ва адабиёти рус идома медиҳаду дипломи дуюми худро соли 2019 ба даст меорад. Айни ҳол тасилро дар бахши география-демографияи донишгоҳи зикршуда идома медиҳад.

– Имсол ҳамчун хатмкунанда дар бахши чорум таҳсил дорам. Баъди гирифтани ин диплом ният дорам ҳуҷҷатҳоямро ба шуъбаи биология-экология супорам ва дар ин баробар гиёҳдармониро низ омузам, – изҳор дошт донишҷӯи 76-сола.

Ба нақли ҳамсабақон бобои Ғуломҳайдар дар дарсҳо ҳамеша фаъол буда, ба насли ҷавон пайваста омузиши илм ва мақсаднок истифода кардани умри хешро таъкид мекунад. Ӯ дар муасисаи таҳсилоти миёнаи 23-и  ноҳияи Дустӣ ба насли наврас аз фанни забони русӣ дарс мегуяд ва дар ин баробар донишандӯзии хешро идома дода,  ба суи орзуҳои худ қадам мегузорад.

Мавлуда Гулова, Фараж

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь