Дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон аз соли 2021 то имрӯз 7 иншоот дар соҳаи маориф иборат аз 21 синфхона барои беш аз 1000 ҷойи нишаст дар ду баст сохта мавриди истифода карор дода шуда, ҳоло бунёди чанд иншооти дигар идома дорад.
Мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ Шаҳноза Маҳмадсаидзода ба “Фараж” гуфт, ки айни замон дар ноҳия сохтмони бинои нави муссисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3, №8, №20, №33 ва дар назди муссисаҳои таълими №31, 34, 47 сохтмони 13 синфхонаи иловагӣ бо маром идома дорад, ки дар умум 1585 ҷойи нишастро дар як баст ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, ӯ иттилоъ дод, ки ҳоло сохтмони бинои Шуъбаи маориф идома дорад, ки дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар ба истифода дода мешавад.
Гуфта шуд, ки айни замон дар соҳаи маорифи ноҳия 54 муссисаи таълимӣ, тарбияви ва томактабӣ фаъолият доранд, ки аз он 2 адад муссисаи томактабӣ, 5 адад муссисаи таҳсилоти умии асосӣ ва 43 адад муссисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ҷумла 1 адад хусусӣ, 1 гимназия, 3 маркази назди шуъбаи маориф мебошанд. Дар муассисаҳои таълимии ноҳия соли таҳсили 2023\2024-ум 29 885 хонанда аз ҷумла 14 448 духтар ба таҳсил фарогифта шуданд. Шумораи хонандагон нисбати ҳамин давраи соли гузашта беш аз 1000 нафар афзоиш ёфтааст.