Дар ноҳияи Дӯстӣ бо дастгирии Ҳукумати кишвар, Вазорати тандрустӣ, мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкорон бунгоҳои тиббӣ, марказҳои саломатӣ, таъмиру таҷдид шуда, бо муосиртарин таҷҳизоти тиббӣ таъмин карда шуданд.
Роҳбари Шабакаи кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Дӯстӣ Сайдзода Аюбӣ гуфт, бо дастгирии Ҳукумат 5 бингоҳи тиббӣ пурра бо харҷи 1 миллион сомонӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуд.
Гуфта шуд, ки айни замон навсозии 4 бунгоҳи тиббӣ ба нақша гирифта шудаааст, ки ҳоло дар як адади он корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, рӯзҳои наздик ба истифода дода мешавад.
Иттилоъ доданд, ки барои бунгоҳҳо аз ҳисоби буҷети маҳал 1 миллион сомонӣ ҷудо ва бозсозӣ мешаванд. Ҳамчунин, як бунгоҳ аз ҷониби соҳибкорон бо харҷи 350 ҳазор сомонӣ таъмиру бозсозӣ шуд. Дар ноҳия 14 маркази саломатӣ мебошад, ки онҳо низ пурра таъмири асосӣ шудаанд.
Номбурда илова кард, ки бо дастгирии Вазорати тандурстӣ ва мақомоти маҳаллӣ 54 номгуи таҷҳизот бо харҷи 1 милиону 296 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст, ки 900 ҳазораш аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ мебошад.
Қайд гардид, ки дар ноҳия 36 бунгоҳи тиббӣ ва 14 марказ саломатӣ фаъолият мекунанд, ки ба 128 ҳазор аҳолии ноҳия хизмати тиббӣ мерасонанд.