Қарзи Ассотсиатсияҳо ва хоҷагиҳои об дар назди Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Дӯстӣ ба 6 миллион сомонӣ баробар шудааст. Ин дар ҳолест, ки идораи мазкур аз барқ 6 миллион ва аз андоз 700 ҳазор қарздор мебошад.

Роҳбари ин ниҳод Амирҳамза Аминов дар сӯҳбат ба “Фараж” аз он нигаронӣ кард, ки сол то сол қарзи Ассотсиатсияҳо ба ҷойи кам шудан зиёд мешавад. Омили афзоиши қарзро ин шахси масъул саривақт пардохт накардани ҳақи хизмати обрасониӣ арзёбӣ кард.

Иттилоъ дода шуд, ки Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Дӯстӣ ҳоло аз барқ 6 миллион сомонӣ ва аз андоз 700 ҳазор сомонӣ қарздор мебошад.

– Қарзи ин идора аз барқ дар як сол 2 миллион сомонӣ зиёд шудаст, – афзуд номбурда. – Барои маҷбуран  баргардонидани қарзи Ассотсиатсияҳо ва хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия мо ба ниҳодҳои қудратии муроҷиат кардем, – илова кард Амирҳамза Аминов.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь