Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯнамоии китоби “Шуша”, пойтахти таьрихии маданияти Озарбойҷон, аз ҷониби сафорати Озарбойҷон баргузор гардид.
Дар ин китоб омилҳое, ки бунёди хонигарии Карабоғ, аҳамияти бостонии таьрихӣ, фарҳангӣ ва стратегии Шуша, тоҷи Карабоғро муайян кардаанд, таҳлил мегардад. Китоб сохтмони қалъаи Шуша, пойтахти хонигарии Карабоғ ва маҳаллаҳои бостонии шаҳрро дар бар мегирад.
Инчунин ,дар китоб аксҳои шахсиятҳои барҷастаи Шуша, ки дар ҳаёти ҷамьиятиву сиёси ва фарҳангии Озарбойҷон саҳм гузоштаанд, ҷо дода шудаанд. Муаллифи китоб Элчин Аҳмадов буда, китобро аз забони озарӣ ба забони тоҷикӣ худи сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон Алимирзомин Аскаров, ки забони форсии тоҷикиро балад аст, баргардон кардааст.
Блоки рекламавӣ
Чи гуна сохтмони қалъаи Шуша, хонигарии кабарог ва гайра? Дар Точикистон дигарнависии таърихи Иронро дастгири мекунанд?