Рӯзи 23-юми май дар назди бинои Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати Tcell консерти бошукӯҳ баргузор гардид.

Чорабинӣ аз барномаи фарҳангию фароғатии «Дунё пур аз ҷавонист!» ва “Dushanbe Party” – шабнишинӣ бо иштироки DJ King Macarella, ки дар Осиёи Марказӣ маъруф аст, иборат буд ва ба меҳмонон таҷрибаи фаромӯшнашаванда ва илҳоми мусиқӣ бахшид.

Ҳама чорабиниҳои бахшида ба Рӯзи ҷавонон бозгӯйи фаъолияти пурсамари Tcell дар соҳаи фарҳанг ва инчунин таъйиди тамоюли ширкат дар рушди соҳа ҳастанд.

Иштирок дар форуми байналмилалии «Роҳҳои ноил шудан ба рушди касбӣ», ташкили Хакатон T-Tech.DEV ва намоиши ҷойҳои холии кории T-Generation – ҳамаи ин ба таъсиси ҷойҳои корӣ барои корҷӯёни шуғлҳои нав, бо дарназардошти талаботи муосир, кӯмак мекунанд.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдулло Раҳмонзода аҳамияти баргузории ин чорабиниро барои шаҳр таъкид кард. “Ин консерт ба яке аз консертҳои ҷолиб дар Душанбе табдил ёфт. Он ҷавонони тамоми шаҳрро ҷалб кард ва эҳсосоти фаромӯшнашаванда бахшид. Мо аз он хушнудем, ки ин оператори пешбари мобилӣ дар ташкили чунин чорабиниҳои муҳими фарҳангӣ пайваста саҳм дорад”, – гуфт ҷаноби Раҳмонзода.

«Мо саъй мекунем, то ҳар коре, ки мумкин аст, барои пешрафти ҷавонон анҷом диҳем, зеро маҳз онҳо нерӯи пешбарандаи кишвари мо мебошанд. Туҳфаи мо барои ҷавонон на танҳо даъвати диҷейи маъруф буд, балки хостем онҳоро бо эҳсосоти мусбӣ барои эҷодкорӣ, рушди худшиносӣ ва расидан ба ҳадафҳо ҳавасманд созем. Ҳукумати кишварамон, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду дастгирии ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунанд, ки ин ба фалсафаи ширкати мо мутобиқат дорад», – изҳор дошт директори генералии Tcell Озодхон Давлатшоев.

Ширкати Tcell ҳамқадам ба замон пеш рафта, таваҷҷуҳро ба ҷавонон ва дастгирии ташаббусҳои фарҳангиву созанда идома медиҳад. Ширкат рисолати худро дар рушди ҷомеа бо пешниҳоди имкониятҳои нав ба ҷавонон анҷом медиҳад, то онҳо ба тавоноиҳои худ даст ёбанд ва дар заминаҳои фаъолияти худ ба муваффақият расанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь