Шаҳрдории Душанбе аз насб гардидани таҷҳизоти “GPS tracker” дар 250 автобус ва 100 троллейбуси пойтахт хабар медиҳад, ки фаъолияти онҳоро аз хароҷоти сӯзишворӣ то шумораи мусофирон дар хатсайрҳо тариқи электронӣ назорат мекунад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки сокинони пойтахт борҳо аз вазъи танзимнашудаи нақлиёт дар шаҳр шикоят мекарданд.

Ба иттилоъи манбаъ, дар асоси қарори шаҳрдорӣ “Маркази ягонаи танзимгарӣ оид ба назорати электронии фаъолияти автобусу троллейбусҳо дар хатсайрҳо дар шаҳри Душанбе” дирӯз рӯнамоӣ шуд ва он дар назди шуъбаи танзими МДК “Душанбенақлиётхадамотрасон” фаъолият хоҳад кард.

Масъулин гуфтаанд, ки ба фаъолият оғоз кардани ин марказ сатҳу сифати хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ ва назоратро болои ронандагон пурзӯртар мекунад.

– Тавассути барномаи мазкур ҳамарӯза метавон маълумоти мушаххасро доир ба масофаи тайкардаи воситаи нақлиёт, хароҷоти сузишворӣ, шумораи мусофироне, ки давоми рӯз дохили воситаи нақлиёт гардидаанд, дастрас кард, – гуфтааст, Саъдӣ Самадзода, директори КВД «Шаҳри ҳушманд».

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь