Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) баргузор шуд ва фардо ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор хоҳад шуд. Барои ширкат дар ин ҷаласаҳо роҳбарони давлатҳои узви ин созмонҳо вориди Душанбе шуданд.

16-уми сентябр президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев, сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки ба 20-умин солгарди таъсиси СҲШ бахшида шудааст, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омаданд.

Инчунин, имрӯз президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид  Иброҳим Раисӣ бо сафари расмӣ вориди Душанбе шуд. Ӯ ҳамчун сарвари давлати нозир дар СҲШ дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок мекунад. Интизор меравад, ки аз рӯи натиҷаҳои нишасти СҲШ дар Душанбе сарони давлатҳои узви СҲШ дар бораи оғози раванди қабули Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳайси давлати узви комилҳуқуқи СҲШ қарор қабул кунанд.

Дирӯз, президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров барои иштирок дар иҷлосияи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба Тоҷикистон омаданд. Ҳамчунин, Сарвазири Арманистон Никол Пашинян бо сафари корӣ ба Душанбе омад.

Меҳмонони олиқадрро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Имрӯз дар Қасри миллат ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) баргузор шуд. Дар кори ҷаласа раиси Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, президенти Федератсияи Русия Владимир Путин (тариқи видоеконференсия) ва котиби генералии СААД Станислав Зас иштирок хоҳанд кард.

Фардо, 17-уми сентябр дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ бахшида ба 20-умин солгарди таъсиси СҲШ баргузор мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь