Дар Душанбе нахустин мусобиқаи тимҳои миллии футзал таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ба анҷом расид. Тими миллии Эрон барандаи Ҷоми футзали CAFA-2023 гардид.

Тими Тоҷикистон дар даври ниҳоӣ аз тими Эрон бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд. Дар ду вохӯрии дигари даври охир  Узбекистон аз Қирғизистон пурқувваттар буд – 4:0 ва Афғонистон бар Туркманистон – 3:2 пирӯз шуд.

Ҳамин тавр, тими Эрон барандаи мусобиқаи CAFA Futsal Cup-2023 гардид, ки дар панҷ бозии баргузоршуда 12 имтиёз ба даст овардааст. Медалҳои нуқра насиби дастаи мунтахаби Афғонистон (10 имтиёз) гардид. Зинаи сеюмро дастаи мунтахаби Узбакистон (9 имтиёз) соҳиб шуд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо ҳафт имтиёз дар зинаи чаҳорум қарор гирифт. Дастаи Пайрав Воҳидов бар дастаҳои Туркманистон (4:2) ва Қирғизистон (5:3) ғолиб омада, бо Афғонистон (2:2) мусовӣ карда, аз дастаҳои Узбакистон (2:4) ва Эрон (0:1) шикаст хӯрд.

Дар натиҷаи ин мусобиқа ҷоизаи «Fair Play» насиби тими миллии Тоҷикистон гардид. Беҳтарин нишонзани мусобиқот бозигари тими миллии Узбекистон Хусниддин Нишонов шуд, ки панҷ гол зад. Дарвозабони эронӣ Маҳдӣ Рустамӣ беҳтарин дарвозабони ин мусобиқа дониста шуд. Арзишмандтарин бозигари мусобиқаи CAFA Futsal Cup-2023 бозигари тими миллии Эрон Алӣ Акрамӣ эътироф шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь