Сар аз 1 июн фаъолияти хатсайри микроавтобуси №44 (кӯчаи П. Толис – ҷамоати Қӯштеппа, маҳаллаи Лоҳутӣ (ЖБК-6)) қатъ мегардад. Ин хатсайрро бо иваз кардани нуқтаи охири автобуси №4 аз терминали Маром то Маркази савдои «Кушониён» ҷойгузин хоҳад шуд. Дар ин бора аз шаҳрдории пойтахт хабар медиҳанд.

Ба иттилои шаҳрдорӣ, дар хатсайри автобусии №4 (таваққуфгоҳи маркази савдои «Кушониён» – Терминали Шарқӣ) фаъолияти автобусҳо тавассути кӯчаву хиёбонҳои Ҳ.Шерозӣ, Рӯдакӣ, У.Хайём, М.Турсунзода, Шарқ, Меҳнат, К.Раҳимов, А.Лоҳутӣ, Ш.Шотемур, Х.Деҳлавӣ, Г.Валаматзода ва С.Айнӣ роҳандозӣ мегардад.

Шаҳрдории Душанбе тамғаи автобуси ин масирро  «АКIA» ва «KING LONG» гуфтааст ва дар хабарнома таъкид шудааст, ки пардохти роҳкиро тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.

Аз ин пештар, 23-юми май,  шаҳрдорӣ аз хатсайри нави автобус таҳти рақами 27 хабар дода буд, ки аз Коллеҷи ғайридавлатии тиббӣ ба самти Терминали ҷанубӣ ҳаракат мекунад.

Бино ба маълумоти “Душанбенақлиётхадамотрасон”, ҳамарӯза дар пойтахт зиёда аз 3 ҳазору 600 адад нақлиёти ҷамъиятӣ ба мусофирон хидматрасонӣ мекунанд: 365 автобус дар 27 хатсайр, 80 троллейбус дар 9 хатсайр, 1050 микроавтобус (маршрутка) дар 47 хатсайр ва 2 ҳазору 200 такси.

Бо вуҷуди ин, сокинони пойтахт бисёр вақт аз норасоӣ ва риоя нашудани реҷаи корӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ арзу шикоят мекунанд. Мақомот шикоятҳои сокинонро рад карда, мегӯянд, айни замон шумори нақлиёти ҷамъиятӣ кофист ва ба талаботи байналмилалӣ пурра ҷавобгӯ аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here