Пас аз борон аз 4 миллиону 30 ҳазор гул, ки дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе чанде қабл корида буданд, асаре намондааст.
Дар арафаи ҷашни Наврӯз дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳукумати шаҳр беш аз 4 миллиону 30 ҳазору 133 дона гул шинонида буд. Аз ин шумора гули мавсимӣ қариб 872 ҳазор дона ва бисёрсола 297 ҳазору 498 донаро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, дар гушаю канори шаҳр 1 миллиону 139 ҳазор пиёзаки гули лола кошта шуд, ки аз шиддати борон ҳама сарканда шудаанд.
Ин дар ҳолест, ки харҷи ҳар дона тухми гули лола то парвариш ба 30 сомонӣ баробар аст. Дар ин бора низ шоири шинохтаи тоҷик Гулрухсор Сафиева дар як суҳбати гуфта буд, ки гули лоларо дӯст медорад, вале аз шинонидани он розӣ нест. “Гули лоларо дӯст медорам, вале аз шинондани он дар кӯчаву хиёбонҳо зиёд хушҳол нестам. Ҳисоб кардам, ки харҷи ҳар дона ё тухми гули лола то парваришаш ба 30 сомонӣ баробар мешавад. Умри лола се рӯз аст. Шумо медонед, ки чӣ қадар гули лола мешинонанд?” – иброз намуда буд ӯ.
Ҳамзамон, ӯ қайд кард, ки дар ивази пули лолаҳо метавонистем, чанд мактаби мусиқӣ ва чанд мактаби наққошӣ созем, ё хонаи камбизоатҳоро таъмир кунем.
Ширини Тоҳир