Дар Душанбе шуруъ аз 2-юми октябри соли равон, дар хатсайри №8 масири ҳаракаташ маҳаллаи Зарафшон – Дарвозаи Ғарбӣ як адад автобуси дуошёна ба мусофиркашонӣ оғоз кард.

Дар ин бора Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи шаҳрдорӣ хабар дода, афзудааст, ки автобуси мазкур дар корхонаи муштараки тоҷикиву туркии «AKIA AVESTO” истеҳсол шудааст .

Автобуси дуошёна 11,4 метр дарозӣ, 4 метр баландӣ буда, 72 ҷойи нишаст дорад, ки 49-тояш дар ошёнаи дуюм ва 23 ҷойи нишаст дар ошёнаи якум ҷойгиранд.

Ин автобус рӯзе се маротиба – субҳ, нисфирӯзӣ ва бегоҳ ба роҳ мебарояд.

Гуфта мешавад, ки дар оянда шумораи чунин автобусҳо зиёд хоҳад шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь