9-уми сентябр, тақрибан соати 18:20, дар кӯчаи Қаҳҳорови шаҳри Душанбе  дар назди бинои тарабхонаи «Мумтоз» як гурӯҳ шаҳрвандон аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, байни ҳамдигар муноқиша кардаанд.

Қисми навбатдорӣ гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, вобаста ба ҳолати мазкур, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти авбошӣ шаҳрвандон Саидов Давлат Шералиевич, Саидов Нурулло Шералиевич ва Риоев Далер Пулодовичро дастгир кардаанд.

Зимни пешбурди корҳои фаврӣ-тафтишотӣ муайян карда шуд, ки номбурдагон дар ҳолати мастӣ тартиботи ҷамъиятиро муддати 15-20 дақиқа дағалона вайрон карда, бо шаҳрвандон Абдуқодиров Улуғбек Алиҷонович ва Пиров Довуд Мустафоевич муноқиша ва онҳоро зери латукӯб қарор додаанд, ки дар натиҷа номбурдагон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

Айни замон гумонбарон Саидов Давлат, Саидов Нурулло ва Риоев Далер дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташон бо моддаи 237, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидаааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь