14-уми ноябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии муштараки ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба муайянкунӣ ва аломатгузории сарҳади давлатии ду кишвар баргузор гардид.

Ҷаласа таҳти роҳбарии раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва муовини сарвазир –  раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон Қамчибек Тошиев гузашт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Аз натиҷаи нишаст протоколи дахлдор ба имзо расонида шуд. Ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки ҷаласаи навбатии комиссияи мазкур дар ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон доир карда мешавад.

Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум ҷараён гирифт.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь