Чанд лаҳза пеш вохӯрии байни дастаҳои мунтахаби футболи Афғонистон ва Урдун дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар Душанбе ба охир расид.

Ин бозӣ дар доираи вохӯриҳои марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 баргузор шуд, ки дастаи мунтахаби футболи Афғонистон Варзишгоҳи марказии Душанберо майдони хонагии худ қабул кардааст. Дар ин бозӣ аввалин шуда футболбозони афғон дар дақиқаи 15-ум ба пеш баромаданд, аммо урдуниҳо дар қисми якум дар дақиқаҳои 40 ва 43 ду гол заданд. Қисми якуми бозӣ бо натиҷаи 1:2 бар нафъи Урдун ба охир расид. Футболбозони Афғонистон дар дақиқаҳои 64 ва 61-и қисми дуюм ду бор дарвозаи Урдунро сӯрох карданд ва ҳисобро ба 3:2 расонданд, аммо чор дақиқа пеш аз анҷоми вақти асосӣ меҳмонон ҳисобро баробар карданд. 3:3 ва бозӣ ба охир расид. 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь