Ду шабакаи телевизиони навтаъсиси давлатӣ – «Илм ва табиат» ва «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба пахши моҳворавӣ пайваст мешаванд. Дар ин бора раиси Кумитаи телевизион ва радио Нуриддин Саид дар мулоқот бо директори иҷроияи ширкати «Ал-Майсан»-и Амороти Муттаҳидаи Араб Ҷон ба мувофиқа расидаанд.

Тавре дар ин Кумита иттилоъ медиҳанд, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои вобаста ба вазъи феълӣ ва дурнамои ҳамкории Кумита ва ширкати «Ал-Майсан»-и Амороти Муттаҳидаи Араб дар самти таъмини пахши моҳворавии барномаҳои телевизионҳои давлатӣ мавриди гуфтугӯ қарор гирифт.

Гуфта мешавад, Нуриддин Саид аз ҳолати кунунии ҳамкориҳои ҷонибҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии ниҳоди зердасташро ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани муносибатҳои мутақобилан судманд изҳор доштааст.

Ёдовар мешавем, ки телевиниони «Илм ва табиат» 14 апрели соли 2021 ва телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» 1 апрели соли равон ба фаъолият шуруъ карданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here