Дар ду садамаи ду рӯзи охир аз ноӯҳдабароии ронандаҳо ва беэҳтиётии пиёдагардону дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ду нафар ба ҳалокат расиданд, ки яке кӯдаки 3-сола мебошад.

14-уми августи соли 2018, тахминан соати 17:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Назарқулов Улуғбек Абдулбоқиевич, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Спитамен, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Саидови ҷамоати деҳоти Истиқлол, дар рӯ ба рӯи ошхонаи “Акмалҷон”-и ноҳияи мазкур бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, велосипедрон Хуҷамбердиев Муҳаммадҷон Усмоналиевич, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Спитаменро зер кардааст.

Дар натиҷа, велосипедрон Хуҷамбердиев М.У. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Рӯзи 15-уми августи соли 2018, тахминан соати 19:40, ронандаи автомашинаи тамғаи “Порше-Кайне”, Бобоев Шавкатҷон Паҳлавонович, соли таваллудаш 1984, сокини кӯчаи Зарафшони пойтахт, ҳангоми ҳаракат бо зеркӯчаи Зарафшон дар рӯ ба рӯи бинои истиқоматӣ пиёдагарди ноболиғ Шарипова Нозия Ҷамшедовна, соли таваллудаш 2015, сокини кӯчаи мазкурро зер кардааст.

Дар натиҷа, ноболиғ Шарипова Н.Ҷ. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан ба ҳалокат расидааст.

Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь