Дар як шаб дар Бохтар ва Ҷайҳун, тахминан дар як вақт, ҳодисаи сӯиқасд ба куштор ба қайд гирифта шудааст, ки ҷинояткори якум худро ба дор кашида куштааст, дуюмӣ аз ҷониби кормандони милиса дастгир шудааст. Дар ин бора аз маркази матбуоти ВКД хабар доданд.

Шаби 4-ум ба 5-уми октябри соли 2017, тахминан соати 02:40, марди 71-солаи сокини ноҳияи Бохтар дар хонаи истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум намудан, бо корди хурди кисагии дар дасташ буда, 5 маротиба ба аъзои бадани ҳамсараш зани 45-сола ва 4 маротиба ба аъзои бадани духтари ноболиғи 16-солааш задааст. Дар натиҷа ҷабрдидаҳо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Ин мард баъди анҷоми ин амал дар дарахти замини наздиҳавлигиаш худро ба дор овехтааст. Тафтиши ин ҳодиса идома дорад.

Марди 49-солаи сокини ноҳияи Ҷайҳун шаби 4-ум ба 5-уми октябри соли 2017, тахминан соати 02:30 дар бошишгоҳи саҳроии хоҷагии деҳқонии ба номи “Нарзулло”, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Истиқлол, дар ҳолати мастӣ аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо марди 35-солаи сокини ҳамин ноҳия ҷангу ҷанҷол карда, бо корди хоҷагии дар дасташ буда, 4-5 маротиба ба қисми чапи баданаш задааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст. Бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ин мард бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шудааст.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь