Бино ба хабарҳои расида деҳаҳои Боғис ва Хиёбони Ӯзбекистон расман ба тасарруфи вилояти Туркистони Қазоқистон мегузарад. Гуфта мешавад, ин ду деҳа муддати дароз худмухтор буда, як қисми сокинони он шаҳрванди Ӯзбекистонро қабул карда буданд ва қисмати дигари аҳолии он шаҳрвандии Қазоқистон маҳсуб меёфтанд.

Дар бораи ба вилояти Туркистон пайвастани ин ду деҳа ҳукумати Қазоқистон қарор қабул кардааст. Масоҳати умумии ин деҳаҳои марзӣ 795,62 гектарро ташкил мекунад.

Ба иттилои нашрияи қазоқии Informburo замини деҳаи Боғис бо масоҳати 750 гектар ба ноҳияи Оқҷар ва замини деҳаи Хиёбон бо масоҳати 45,62 ба ноҳияи Куркелеси ин вилояти Қазоқистон марбут дониста хоҳад шуд.

Бино ба иттилои ин манбаъ дар бораи ба тасарруфи вилояти Туркистон гузаштани ин ду деҳаи марзӣ ҷониби Қазоқистон бо мақомоти Ӯзбекистон созишнома ба имзо расонидааст.

Дар айни ҳол сокинони деҳаи Хиёбон дар корхонаву муассисаҳои мухталифи шаҳри Тошканд машғули кор мебошанд. Маълум нест, ки онҳо аз ин тасмими ниҳоии мақомоти ду ҷониб розӣ ҳастанд, ё на.

Тавзеҳ дода мешавад, ки дар ҳар сурат мардуми ин ду деҳа наметавонанд ба шакли мухтор ба зиндагии худ идома кунанд, зеро масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ мавҷуданд, ки чи ҷониби Ӯзбекистон ва чи ҷониби Қазоқистон бояд тибқи қонунгузориҳои худ онро ҳаллу фасл намоянд. Агар ин деҳаҳо дар шакли мухтор боқӣ монанд, сокинони он аз имтиёзҳои гуногун бархурдор нахоҳанд шуд.

Чанд сол муқаддам Ҷумҳурии Қазоқистон эълон карда буд, ки ҳар қазоқтабор зимни бозгашт ба ватани аҷдодии худ аз ҷониби ҳукумати он хуш истиқбол гирифта мешавад ва аъзои хонаводаи ӯ барои зиндагии аввалия бо нафақапулӣ таъмин мегарданд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь