Ҳаҷми савдои  дорувориҳо дар Русия бо нархҳои мухталиф ба 100,9 млрд рубл расидааст. Дар ин бора, субҳи имрӯз, рӯзномаи “Известия” хабар дод.

Гуфта мешавад, ки бозори истеҳсоли дорувориҳо ба 7,7% расидааст, ки наздик ба 457,7 млн баста  баробар  будааст. Дар ҳамин ҳол нархи 1 бастаи доруворӣ 11,6 % боло рафтааст, ки ба 220 рубл баробар аст.

Тахмин меравад, ки агар нархи васоили табобатӣ дар Русия боло равад, ин раванд  ба  дорухонаҳои Тоҷикистон низ бетаъсир намемонад.

– Ҳабҳои парасетамол, аспирин, антибиотикҳои гуногунро мардум ба захиракунӣ сар карданд. Шояд дар андешаи онанд, ки қарантин эълон мешавад ва наметавонанд ба кӯча бароянд. Нархи ин доруҳо дигар нашудааст. Ба ғайр аз ниқоб, ки нархи яклухти он 30 дирам буд, ҳозир ба 2 сомонӣ ёфта намешавад, – гуфт фурӯшандаи фурӯшгоҳи гиёҳдармонии “Докор Тоҳирӣ”.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь