Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28-уми декабри соли 2023 дар баробари соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳанг ба рушди ҳунарҳои мадумӣ таваҷҷуҳи хоса намуданд.

Аз ҷумла гуфта шуд, ки дар солҳои 2018 – 2023 барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чор лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 330 миллион сомонӣ амалӣ гардидааст, илова бар ин, ба субъектҳои соҳа аз ҷониби низоми бонкии кишвар зиёда аз 300 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок ҷудо карда шудааст.

Дар ин давра 1450 иншооти сайёҳӣ бунёд гардида, соли 2023 шумораи сайёҳон ба як миллиону дусад ҳазор нафар расидааст. Вале сарвари давлат таъкид намуданд, ки имкониятҳои барои рушди соҳа истифоданашуда ҳанӯз хеле зиёданд.

Президенти Тоҷикистон бо мақсади самаранок ба роҳ мондани корҳо дар самти сайёҳӣ ва назорати қатъии онҳо зарур донистанд, ки таҳти роҳбарии муовини дахлдори сарвазири кишвар бо шомил намудани яке аз муовинони раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо гурӯҳи кории босалоҳияти доимӣ таъсис дода шавад.

Президент пешниҳод карданд, ки амалисозии барномаву нақшаҳои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, косибӣ, аз ҷумла қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ ва заргарӣ, инчунин, касбу ҳунаромӯзии шаҳрвандони мамлакат ва ғайра ба зиммаи ин гурӯҳи корӣ вогузор карда шавад.

Ҳамчунин, ташкили фаъолияти маҳаллу растаҳо ва гӯшаҳои ҳунармандӣ дар тамоми қаламрави мамлакат, аз ҷумла дар ҳамаи мағозаву бозорҳо ба роҳ мондани фурӯши маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, хусусан, маҳсулоту маснуоти ҳунарҳои мардумӣ масъалаҳое мебошанд, ки бояд зери назорати гурӯҳи корӣ қарор дода шаванд, иброз намуданд Президент Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳамзамон бо ин, Сарвари мамлакат Бонки миллӣ ва дигар ташкилотҳои қарзии мамлакатро вазифадор карданд, ки барои рушди хунармандиву косибӣ додани қарзҳои хурди имтиёзнокро ба таври густурда ба роҳ монанд.

Ба назари мо барои рушди бемайлони ҳунарҳои мардумӣ бояд тайёр кардани мутахассисони таҳсилдидаро ба роҳ монд. Зеро ҳоло аксари ҳунармандони мардумӣ ин касбҳоро дар натиҷаи шогирдистӣ дар назди волидон ва хешу ақрабои худ меомӯзанд. Борҳо шунидаам, ки мушкилу заҳматталаб будани раванди омӯзишро дида, ҷавонон касби аҷдодиро намехоҳанд ва бо роҳи осон пулкоркуниро меҷӯянд. Аз ҷониби дигар, ҷавонони хоҳишманд имкон надоранд, ки ҳунарҳои мардумиро омӯзанд. Бинобар ин, барои омода кардани мутахассисони соҳа таъсиси муассисаи вижаи таҳсилоти давлатӣ Донишкадаи ҳунарҳои мардумӣ зарур аст.  Донишкадаи ҳунарҳои мардумӣ бигзор дар шаҳри Душанбе таъсис дода шавад ва минбаъд бахшҳои он дар марказҳои ҳунарҳои мардумии минтақаҳои кишвар бунёд гарданд.

Ҷовид Муқим, журналист

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь