Дар донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳоло сохтмони бинои асосии 11-ошёна, ду хобгоҳ барои донишҷӯёну омӯзгорон ва сохтмони китобхона бо маром идома дорад.
Ректори донишгоҳи мазкур Давлатзода Сайфиддин дар нишасти хабарӣ гуфт,ки айни замон дар донишгоҳ сохтмони бинои асосӣ идома дорад,ки аз як бинои 11-ошёна, ду бинои ҳафтошёна, як бинои 9-ошёна ва як бинои сеошёна иборат мебошад.
Ӯ афзуд, ки ҳамчунин барои донишҷӯён сохтмони хобгоҳи 7-ошёна барои 460 ҷой ва ду бинои 9-ошёна барои омӯзгорон бо 200 ҳуҷра ба нақша гирифта шуданд, ки рӯзҳои наздик сохтмони онҳо оғоз хоҳад шуд.
Гуфта шуд, ки барои донишҷӯёну омӯзгорон сохтмони китобхонаи дуошёна низ идома дорад.
Блоки рекламавӣ